Шаб дили сӯхта оҳе зи сари дард кашид

Шаб дили сӯхта оҳе зи сари дард кашид,
Субҳ бишнид, ҳамон дам нафаси сард кашид.

Ману ҷоми маю шукри карами пири муғон,
Ки ба майхона маро ҳиммати он мард кашид.

Дорам аз дӯст ғуборе, ки чу ман гард шудам,
Дар раҳи ӯ зи чӣ рӯ доман аз ин гард кашид.

Моҳ дар хат шавад аз рашки ту з-ин сон, ки рухат
Гирди хуршед хати ғолияпарвард кашид.

Рӯзи бозор рухи хуби ту чун дид фалак,
Рақами ҳусни туро бар маҳи шабгард кашид.

Мижа хоҳад, ки кунад қиссаи ҳиҷрон таҳрир,
К-ин ҳама ҷадвали хунин ба рухи зард кашид.

Ҷомиё, дил ба ғаму дард неҳ андар раҳи ишқ,
Ки нашуд марди раҳ он кас, ки на ин дард кашид.