Шароби лаъл кашу рӯйи маҳҷабинон бин

403

Шароби лаъл кашу рӯйи маҳҷабинон бин,
Хилофи мазҳаби онон ҷамоли инон бин.

Ба зери далқи муламмаъ камандҳо доранд,
Дароздастии ин кӯтаҳостинон бин.

Ба хирмани ду ҷаҳон сар фурӯ намеоранд,
Димоғу кибри гадоёну хӯшачинон бин.

Баҳои ним карашма ҳазор ҷон талабанд,
Ниёзи аҳли дилу нози нозанинон бин.

Ҳуқуқи суҳбати моро ба бод доду бирафт,
Вафои суҳбати ёрону ҳамнишинон бин.

Асири ишқ шудан чораи халоси ман аст,
Замири оқибатандеши пешбинон бин.

Кудурат аз дили Ҳофиз бибурд суҳбати дӯст,
Сафои ҳиммати покону покдинон бин.