Шароби талх мехоҳам, ки мардафкан бувад зӯраш

278

Шароби талх мехоҳам, ки мардафкан бувад зӯраш,
Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш.

Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш,
Мазоқи ҳирсу оз, эй дил, бишӯй аз талху аз шӯраш.

Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин
Ба лаъби Зуҳраи чангию Миррихи силаҳшӯраш.

Каманди сайди Баҳромӣ бияфкан, ҷоми ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро, на Баҳром асту на гӯраш.

Биё, то дар майи софит рози даҳр бинмоям,
Ба шарти он ки нанмойӣ ба каҷтабъони дилкӯраш.

Назар кардан ба дарвешон мунофии бузургӣ нест,
Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.

Камони абруи ҷонон намепечад сар аз Ҳофиз,
Валекин ханда меояд бад-ин бозуи безӯраш.