Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр

298

Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр,
Хамр1 асту хумору гулбуну хор.

Ман муътақидам, ки ҳар чӣ гӯӣ,
Ширин бувад аз лаби шакарбор.

Пеши дигаре наметавон рафт,
Аз ту ба ту омадам ба зинҳор.

Айбат накунам, агар бихандӣ
Бар ман, чу бигирям аз ғамат зор.

Шак нест, ки бӯстон бихандад,
Ҳар гаҳ ки бигиряд абри озор2.

Ту меравию хабар надорӣ,
В-андар ақибат қулубу абсор3.

Гар пеши ту навбате бимирам,
Ҳечам набувад газанду тимор4.

Ҷуз ҳасрати он ки зинда гардам,
То пеш бимирамат дигар бор.

Гуфтам, ки ба гӯшае чу санге
Биншинаму рӯи дил ба девор.

Донам, ки муяссарам нагардад,
Ту санг дароварӣ ба гуфтор.

Саъдӣ наравад ба сахтӣ аз пеш,
Бо қайд куҷо равад гирифтор?


1 Бода, шароб.
2 Абри баҳор.
3 Дилҳову дидаҳо.
4 Фикру андеша.