Шарҳи ғазал: «Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо»

Ғазали аввал

1. Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо1,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо.

2. Ба бӯйи нофае2, к-охир сабо з-он турра3 бикшояд,
Зи тоби ҷаъди4 мушкинаш5 чӣ хун уфтод дар дилҳо.

3. Маро дар манзили ҷонон чӣ амни айш, чун ҳар дам
Ҷарас6 фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.

4. Ба май саҷҷода7 рангин кун8, гарат пири муғон9 гӯяд,
Ки солик10 бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо11.

5. Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил12,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо13?

6. Ҳама корам зи худкомӣ14 ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо15.

7. Ҳузуре16 гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб17 машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳво даъиддунё ва аҳмилҳо.18

Вазн: Баҳри ҳазаҷи мусаммани солим.

Қофия: новилҳо, мушкилҳо, дилҳо….

Луғат:

1. Ало ё айюҳассоқӣ…: Эй соқӣ, ҷоми майро ба гардиш овар ва ба ман бирасон. Ин байт муламмаъ аст. Байте, ки мисраъҳояш ба ду забон эҷод шудааст, муламмаъ ё худ ширушакар мегӯянд.

2. Бӯйи нофа: бӯйи хушу атрогин, бӯй ин ҷо иҳом дорад: а) ба маънии умеду орзу, ки имрӯз ҳам роиҷ аст, монанди: ба бӯйи ту шуда омадем, яъне, ба умеди ту шуда омадем; б) роиҳаи мушк — халтачаи мушкдор, ки дар зери шиками оҳуи нари Хутан қарор дорад ва аз он мушк ҳосил мекунанд, ки хеле хушбӯ ва қиматбаҳост, ин ҷо истиора аз ҳалқаи хушбӯйи гесуи маъшуқа аст.

3. Турра: мӯйи тобдору оростаи пешонии маъшуқа.

4. Ҷаъд: мӯйи печидаи ҳалқа-ҳалқа.

5. Мушкин: хушбӯ монанди мушк, ин ҷо сифатест барои зулф.

6. Ҷарас: зангӯла, ки дар гардани шутурони корвон мебастанд, то ҳангоми ба роҳ баромадани корвон корвониён хабардор шаванд.

7. Саҷҷода: ҷойнамоз.

8. Рангин кардан: оростан ва зинат додан, саҷҷода бо май рангин кардан — ҷойнамозро бо шароб олудан, агар пири тариқат фармон диҳад, ки ҷойнамозро ба май рангин кунед, солик бояд бипазирад, май ин ҷо истиора аз ишқ аст ва саҷҷода киноя аз зуҳду порсоӣ, муроди шоири ориф аз «рангин кардани саҷҷода ба май» гузаштан аз ирфони обидона, ки дар асоси зуҳд қарор дорад, ба ирфони ошиқона, ки бундёдаш ишқ аст. Яъне, танҳо бо зуҳду порсоӣ маъбудро наметавон шинохт, бояд Ӯро ошиқона парастид.

9. Пири муғон: дар луғат пири майхона, аммо ин ҷо пири тариқат мурод аст.

10. Солик: равандаи роҳи тариқат, он касест, ки дар тариқати ишқ қадам ниҳодасту аз худ сӯйи Худо меравад, аммо солик ин ҷо ба маънии пир ба кор рафта, ки аз роҳу манзилҳои тариқат хабар дорад.

11. Манзилҳо: марҳалаҳо ва расму одоби тариқат.

12. Ҳоил: тарснок, ҳаросангез.

13. Сабукборони соҳилҳо: одамони осудахотир, ки ба дарёи ишқ қадам наниҳодаанду аз балоҳои он бехабаранд, метавонад ҳам фариштагон ва ҳам зоҳидони аз ишқ бехабар бошанд.

14. Худкомӣ: худроӣ, касе, ки ба майлу дили худ амал мекунад.

15. Маҳфил: маҷлис, анҷуман.

16. Ҳузур: ҳозир будан, муқобили ғоиб, аз истилоҳоти муҳими ирфонӣ аст, дар ҳузури маъшуқи азалӣ (Ҳақ) будан, яъне, дили марди Худо бояд ҳамеша ба ёди Ҳақ бошад.

17. Ғоиб: ғайбат, дар луғат ба маънии нопадидӣ ва набудан дар ҷое аст, аммо дар истилоҳи орифон ғоиб будани дил аз ҳама чизест, ки соликро аз ёди Ҳақ дур мегардонад.

18. Мато…: Чун ба дидори он кӣ дӯст медорӣ расидӣ, дунёро вогузор ва раҳо кун.

Маънии байти 1: Эй соқӣ, ҷоми бодаро ба гардиш даровар ва ба ман бидеҳ, зеро ишқ дар ибтидо осон ҷилвагар гашт, вале дар охир душвор гардид.

Маънии байти 2: Ба умеди он ки боди сабо гиреҳе аз сари зулфи ёр бикшояду бӯйи хушаш ба машоми ошиқон расад, дар печу тоби зулфи мушкинбӯяш аз шиддати беқарорӣ дилҳои бисёре хун шуд.

Маънии байти 3: Ман чӣ гуна метавонам дар манзилгоҳи маъшуқ биосоём, зеро садои зангулае, ки аз дунёи тааллуқот меояд, ҳар лаҳза маро ба кӯчидан аз ин ҷо даъват мекунад. Ба таъбири дигар, ман дар ин манзили дунё осудаю ҷовидонӣ намемонам, зеро марг дар пеш аст, намедонам, пеш аз поёни ин зиндагӣ ба ҳосили сулуки рӯҳонии худ мерасам ё не?

Маънии байти 4: Агар пири муғон, ки пири раҳнамои туст, фармон диҳад, ки саҷҷодаро, ки мазҳари покию таҳорат аст, ба шароб олуда соз, бипазир, зеро пири муғон аз ҳикмати ин гуна дастурҳо ва роҳу расми тариқат ба сӯйи Ҳақ хуб огоҳ аст.

Маънии байти 5: Мо соликони тариқат дар дарёи ишқ ғарқему бо мушкилоти он даст ба гиребон, онҳо, ки ишқ наварзидаю дар соҳил оромидаанд ва бори амонатро напазируфтаанд, куҷо метавонанд аз ҳоли мо огоҳ бошанд.

Маънии байти 6: Ҳофиз пайваста корашро бо маъшуқ медонад ва худро дар маҳфили зоҳидону сӯфиёни риёӣ бадному расво мехонаду мегӯяд: Оқибат бар асари пайравӣ накардан аз пирони риёкори сӯфия расвою бадном шудам. Он розе, ки дар маҳфилҳои сӯфиён ошкор асту аз он сухан мегӯянд, чӣ гуна метавонад пинҳон монад?

Маънии байти 7: Эй Ҳофиз, агар хоҳони ҳузур дар пешгоҳи маъшуқ ҳастӣ, ҳаргиз аз ӯ ғоиб машав ва ҳар гоҳ ба касе, ки дӯст медорӣ, расидӣ, дунёро пушти по зану аз он даргузар.