Шарҳи ғазал: «Дардам аз ёр асту дармон низ ҳам»

Ғазали бистум

1. Дардам1 аз ёр асту дармон низ ҳам,
Дил фидои ӯ шуду ҷон низ ҳам.

2. Ин ки мегӯянд: он2 хуштар зи ҳусн,
Ёри мо ин дораду он низ ҳам.

3. Ёд бод он, к-ӯ ба қасди хуни мо
Зулфро бишкасту3 паймон низ ҳам.

4. Дӯстон, дар парда4 мегӯям сухан,
Гуфта хоҳад шуд ба дастон5 низ ҳам.

5. Чун сар омад давлати6 шабҳои васл7,
Бигзарад айёми ҳиҷрон8 низ ҳам.

6. Ҳар ду олам9 як фурӯғи рӯйи ӯст,
Гуфтамаш пайдову10 пинҳон низ ҳам.

7. Эътимоде нест бар кори ҷаҳон,
Балки бар гардуни гардон11 низ ҳам.

8. Ошиқ аз қозӣ натарсад, май биёр,
Балки аз ярғуи12 девон13 низ ҳам.

9. Муҳтасиб14 донад, ки Ҳофиз ошиқ аст
В-Осафи15 мулки Сулаймон16 низ ҳам.

Вазн: Баҳри рамали мусаддаси маҳзуф.

Қофия: дармон, ҷон, он…

Радиф: низ ҳам.

Луғат:

1. Дард: дар ирфони ошиқона эҳсоси ниёз ва таманнои шадид барои расидан ба маъшуқ аст, шавқест, ки саропойи вуҷуди инсонро месӯзонад. Дардҳои Ҳофиз моддӣ нест, балки рӯҳонию маънавӣ ё худ дарди ишқ аст

2. Он: ҳолат ва кайфияти васфнопазире дар ҷилваву ҷамоли маъшуқ аст, зебоии дарунию ботинӣ, ки қобили васф нест ва низ ҷозибаи маънавие, ки дар он нуктаҳои зарифе аст. Ҳофиз «он»-ро латифаи ниҳоне медонад, ки ишқ аз он мехезаду аз ҳусн зеботар аст.

3. Зулфро бишкастан: киноя аз зулфро ороишу пероста кардан, ҷилва ва нозу карашма кардан.

4. Парда: ин ҷо ба маънии пӯшида, пинҳон ба кор рафтааст.

5. Ба дастон: яъне, ба достон, ошкор дар маҷлис, дар рӯйи забонҳо, ки ҳама бохабар шаванд ва пинҳон намонад.

6. Давлат: иқболу саодат.

7. Васл: пайвастан ба маъшуқ

8. Ҳиҷрон: ҷудоӣ, дурӣ аз маҳбуб.

9. Ду олам: ин ҷаҳону ҷаҳони охират.

10. Пайдо: ошкоро.

11. Гардуни гардон: чарх, фалак ва осмони гарданда.

12. Ярғу: маҷмӯм қонунҳо.

13. Девон: дафтари ҳисобу китоб, ин ҷо ба маънии хонаи додрасӣ ба кор рафтааст.

14. Муҳтасиб: назораткунандаи корҳои динӣ, наҳйкунанда аз амалҳои мамнӯъ дар шариат.

15. Осаф: вазири Сулаймони пайғамбар, ки дар адлу адолат шуҳрат дорад; киноя аз Ҷалолуддини Туроншоҳ — вазири Шоҳ Шуҷоъ.

16. Мулки Сулаймон: иҳом дорад: а) мамлакати Сулаймон, б) киноя аз сарзамин Форс.

Маънии байти 1: Дарди ман аз ишқи маҳбуба асту дармон низ дар дасти ӯст ва ҷону дилам, ҳар ду қурбони ӯ шуданд.

Маънии байти 2: Соҳибназарон бар онанд, ки «он» аз ҳусн зеботар аст, аз бахти баланди мост, ки маҳбубаи мо ҳар дуро дорад.

Маънии байти 3: Ёдаш ба хайр бод, он ёри нозанинро, ки ба қасди куштани мо – ошиқон зулфи пуршиканашро ороиш доду ба ҷилваву карашма дорамад ва аҳди худро бишикаст.

Маънии байти 4: Эй дӯстон, пинҳону пӯшида сухан мегӯям, агарчи медонам, ки рози ишқи ман дар анҷуманҳо гуфта мешавад ва мардум ҳама бохабар мегарданд.

Маънии байти 5: Ҳамон тавре ки лаҳзаҳои хуши шабҳои васл ба поён расид, рӯзгори фироқу ҷудоӣ низ рӯзе ба охир хоҳад расид.

Маънии байти 6: Ин ҷаҳону он ҷаҳон шуъоеву фурӯғе аз таҷаллии раҳмонии Ӯст, ин розро ошкорову пинҳон борҳо гуфтаам.

Ин ҷо ҳамон ваҳдати вуҷуд матраҳ шудааст. Яъне, ин ҷаҳону он ҷаҳон ва ҷумла коинот дар худии худ вуҷуд надоранд. Вуҷуди ҳақиқӣ вуҷуди Ӯст ва мавҷудияти ҳастӣ ва ашё таҷаллӣ ва сояи Ҳақ аст. Шоири ҳамасри Ҳофиз Носири Бухороӣ ба ҳамин маънӣ мегӯяд:

Ин ҷаҳон партавест аз рухи дӯст,
Ҷумлаи коинот сояи ӯст.

Маънии байти 7: На танҳо ба кору бори ин ҷаҳон, балки бар фалаки гарданда низ ҳеч эътимоде нест.

Маънии байти 8: Шароб биёвар, то бинӯшему маст гардем, ки ошиқи воқеӣ тарсе аз касеву чизе надорад.

Маънии байти 9: Муҳтасиб медонад, ки Ҳофиз ошиқи вораста аст ва Осафи мулки Сулаймон – Ҷалолуддин Туроншоҳ низ аз ин ҳол бохабар аст.