Шарҳи ғазал: «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад»

Ғазали даҳум

1. Дарахти дӯстӣ1 биншон, ки коми дил2 ба бор3 орад,
Ниҳоли душманӣ4 баркан, ки ранҷи бешумор орад.

2. Чу меҳмони хароботӣ5, баиззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ хумор6 орад.

3. Шаби суҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор7 орад.

4. Аморидори8 Лайлиро9, ки маҳди10 моҳ дар ҳукм аст,
Худоро, дар дил андозаш, ки бар Маҷнун11 гузор орад.

5. Баҳори умр12 хоҳ, эй дил, вагарна ин чаман13 ҳар сол
Чу насрин14 сад гул орад бору чун булбул ҳазор15 орад.

6. Худоро, чун дили решам16 қароре баст17 бо зулфаш,
Бифармо лаъли нӯшинро18, ки зудаш бо қарор орад.

7. Дар ин боғ ар Худо хоҳад, дигар пиронасар19 Ҳофиз,
Нишинад бар лаби ҷӯеву сарве20 дар канор орад.

Вазн: Баҳри ҳазаҷи мусаммани солим.

Қофия: бор, бешумор, хумор…

Радиф: орад.

Луғат:

1. Дарахти дӯстӣ: шоир дӯстиро ба дарахт ташбеҳ намудааст, ки сахт мустаҳкам аст.

2. Коми дил: орзу ва муроди дил.

3. Бор: ҳосил, самар

4. Ниҳоли душманӣ: шоир душманиро ба ниҳоле монанд карда, ки зуд барканданаш лозим аст.

5. Харобот: дар луғат ба маънии майхона ва қиморхона ва ҷойи одамони бадкора омадааст. Дар бораи ин вожа сухан бисёр рафтааст. Гурӯҳе бар онанд, ки харобот аз лафзи «хур» (хуршед) аст ва иртиботе ба амокин ва ойини меҳрпарастӣ дорад, гурӯҳи дигар онро ҷамъи «хароба» медонанд. Дар шеъри ирфони ошиқона хароб шудани сифоти башарият ва фонӣ шудани вуҷуди ҷисмонӣ аст. Хароботӣ марди комиле аст, ки аз ӯ маорифи илоҳӣ беихтиёр содир мешавад. Низ гуфтаанд, ки харобот харобии сифатҳои нафсонӣ ва одатҳои ҳайвонӣ, тахриби қуввати ғазабӣ ва шаҳвонӣ аст, ба маънии хонаи пиру муршид, олами лоҳут низ омада аст ва ҳамчунин маконест, ки он ҷо ошиқон бо маъшуқи азалӣ роз мегӯянд.

6. Хумор: ҳолати баъд аз мастӣ, дарди саре, ки баъд аз мастӣ ҳис карда мешавад.

7. Лайлу наҳор: шабу рӯз.

8. Аморидор: каҷовакаш, он, ки маҳори шутури каҷовадорро дар даст дорад ва мекашад.

9. Лайлӣ: маҳбубаи машҳури Маҷнун, ки дар адабиёти мо мазҳари комили ишқ ва ишқи кул аст, дар шеъри ирфонӣ мазҳари ишқи раббонӣ ва улуҳият мебошад.

10. Маҳд: гавҳора, дар ин ҷо истиора аз каҷова ва аморӣ аст.

11. Маҷнун: ошиқи машҳури Лайлӣ, дар адабиёти мо рамзи ошиқи сарсупурда ва дар шеъри ирфонӣ мазҳари рӯҳи ноороми башарӣ, ки бар асари ранҷҳои ишқ девона шуда, дар ҷустуҷӯи висоли маъшуқи азалӣ ба водии ишқ афтодааст.

12. Баҳори умр: умр ба баҳор ташбеҳ шудааст, мурод даврони ҷавонию шодмонии умр.

13. Чаман: аслан ба маънии боғ аст, ин ҷо киноя аз дунёст.

14. Насрин: номи як гули хушбӯи сафеди хурд.

15. Ҳазор: ин ҷо ба маънии бисёр, фаровон омадааст, ҳамчунин ҳазор ба маънии булбул ҳам меояд.

16. Дили реш: дили маҷрӯҳ, афсурда.

17. Қарор бастан: аҳду паймон бастан.

18. Лаъли нӯшин: истиора аз лаби ширини маҳбуба.

19. Пиронасар: ба сари пирӣ, ҳангоми пирӣ.

20. Сарв: истиора аз маҳбуба.

Маънии байти 1: Эй инсон, дарахти дӯстиро бинишон, то ба орзую муроди дили худ бирасӣ ва ниҳоли душманиро аз беху бун баркан, ки ранҷу заҳмати зиёд меоварад.

Маънии байти 2: Вақте дар харобот меҳмон ҳастию бо мани ринд ҳамнишинӣ, одобу русуми хароботиёнро пос дору бо риндони ошиқ муомилаи нек кун, зеро, эй азизи ман, чун мастӣ бигзарад, ҳолати хуморолудагӣ дарди сар меоварад.

Маънии байти 3: Эй азизи ман, ин шаби ҳамнишинӣ ва висолро ғанимат дону аз ҳар лаҳзаи он баҳравар бош, зеро баъд аз ману ту ҳам гардиши ин фалак идома меёбаду шабу рӯзи бисёре дар пай меоварад, касони зиёде меоянду мераванд.

Маънии байти 4: Худоё, бар дили каҷовадори Лайлӣ, ки гавҳораи бахти Маҷнун дар дасти вай аст, меҳру шафақате бияндоз, то сари шутури Лайлиро ба манзилгаҳи ин ошиқи ақлбохта раҳнамун созад, шояд ки шаммае аз бӯйи зулфи мушкосои маъшуқ ба димоғи ошиқ бирасад.

Маънии байти 5: Эй дили ғамдидаву ранҷкашидаи ман, ту шод бошу аз хушиҳои зиндагӣ баҳра бигир, ки солҳои сол дар чамани дунё гулҳову булбулони зиёд меоянду мераванд, аммо ту онҳоро нахоҳӣ дид.

Маънии байти 6: Эй азизи ман, аз барои Худо, чун дили зарбати ишқ хӯрдаи ман бо зулфи парешонат аҳду паймон басту дар доми ӯ беқарорӣ мекунад, ба лаби сурхи ширинат фармон деҳ, то бо бӯсае дили беқарори маро ором бахшад.

Маънии байти 7: Агар Худо хоҳад, дар ин чамани даҳр Ҳофиз дар айёми пирӣ низ бар лаби ин ҷӯй менишинаду ёри баландболои зеборо ба оғӯш мегирад.