Шарҳи ғазал: «Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад»

Ғазали дуюм

1. Дар азал1 партави2 ҳуснат зи таҷаллӣ3 дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.

2. Ҷилвае кард4 рухат, дид малак5 ишқ надошт,
Айни оташ шуд аз ин ғайрату6 бар Одам зад.

3. Ақл мехост, к-аз он шуъла7 чароғ афрӯзад8,
Барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад.

4. Муддаӣ9 хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,
Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.

5. Дигарон қуръаи10 қисмат ҳама бар айш заданд,
Дили ғамдидаи мо буд, ки ҳам бо ғам зад.

6. Ҷони улвӣ11 ҳаваси чоҳи занахдони12 ту дошт,
Даст дар ҳалқаи он зулфи хам андар хам13 зад.

7. Ҳофиз он рӯз тарабномаи14 ишқи ту навишт,
Ки қалам бар сари асбоби дили хуррам зад.

Вазн: Рамали мусаммани махбуни аслам.

Қофия: дам, олам, одам, ҳам, маҳрам, ғам…

Радиф: зад.

Луғат:

1. Азал: замони беоғоз, ибтидои хилқат, рӯзе, ки Худованд инсонро офарид, мурод аз азал оғози ғайризамонӣ ва бақои беаввал аст.

2. Партав: нур ва равшанӣ.

3. Таҷаллӣ: дар луғат ба маънии ошкор шудан ва ҷилва кардан аст, аз истилоҳоти муҳимми ирфонист.

4. Ҷилвае кард: худро ошкор кардан, нишон додан.

5. Малак: фаришта.

6. Ғайрат: рашку ҳасад, қаҳру хашм, таассуб доштан.

7. Шуъла: шуъла ин ҷо истиора аз ишқ аст.

8. Афрӯзад: чароғ афрӯхтан – киноя аз баҳраманд шудан.

9. Муддаӣ: идаокунанда, даъвокунанда, дар шеъри Ҳофиз бештар ба маънии лофзан ва касе, ки даъвии ҳунару ишқ кунад, вале каммояю дурӯғин бошад. Дар ин ҷо ҳамон ақли номаҳрам аст, ки дар байти сеюм омадааст.

10. Қуръа: саҳму насиб, он чӣ ба фол зананд, қуръаи қисмат бар айш заданд — бахтиёр шудан, хушбахт гаштан.

11. Улвӣ: болоӣ, осмонӣ, ҷони улвӣ — рӯҳи осмонӣ ва илоҳӣ, ҷон аз назари орифон ба олами боло, яъне, олами илоҳӣ тааллуқ дорад, ки ба ин олам омадааст.

12. Занахдон: чона, манаҳ, фурӯрафтагии зери чонаи маҳбуба ба чоҳ монанд шудааст.

13. Хам андар хам: печ дар печ.

14. Тарабнома: шодинома, номаи шодиафзой, китоби шодӣ.

Маънии байти 1: Дар азал, яъне, рӯзи мисоқ, нахустин рӯзи офариниш фурӯғи ҳусни маъшуқи азалӣ оҳанги зуҳур ва ҷилвагарӣ кард ва аз ин намоиши ҷамол ишқ падид омад. Чун ишқ зодаи огоҳӣ ба ҳусн аст, оташи шӯру шавқ дар ҳама олам эҷод кард.

Маънии байти 2: Ҳусни илоҳӣ чун ба ҷилва даромад, фариштагон натавонистанд онро қабул кунанд, чаро ки инояти азалӣ ононро барои амонати ишқ шоиста надида буд, лизо оташи ғайрат, ки ғайрсӯз аст, фариштагонро нодида гирифт, забона кашид ва ба хирмани Одам зад.

Маънии байти 3: Ақли маслиҳатандеш мехост, ки аз ин фурӯғи эзадӣ касби камол кунаду суд ҷӯяд, вале барқи ғайрати илоҳӣ дурахшиду ҷаҳонро пурошӯб кард.

Бояд зикр кард, ки орифон ақлро ду гуна донистаанд: ақли маош ва дигаре ақли маъод. Ақли маош дар шинохти маърифати Ҳақ оҷиз буда, бо ишқ ҳамеша дар ситез аст. Ҳофиз низ монанди дигар орифон, ақли маъошро дар ҳарими ҳарами маърифат ва ё ваҳдат номаҳрам медонад.

Маънии байти 4: Ақли лофзан даъвии шинохти ҳусн кард ва мехост ба маърази асрори ғайб қадам ниҳад ва чун бегонаву номаҳрам буд, дасти ғайб – ҳамон ғайрати илоҳӣ омаду хиради бегонаву номаҳрамро берун ронд.

Маънии байти 5: Дигарон (манзур фариштагон), ки аз дарди ишқ бебаҳраанд, насибаашон шодиву хурсандӣ шуд, вале дили меҳнаткашидаи мо (рӯҳи Одам) ба ғами ишқ гирифтор шуд. Маънии байти 6: Рӯҳи пок, ки ватани аслияш олами илоҳӣ буд, чун ҷамоли туро диду ошиқ гашт, барои расидан ба висоли ту ба олами хокӣ афтод. Зеро ҷонро дар қолаби тан барои ишқварзӣ офаридаанд.

Маънии байти 7: Ҳофиз (мурод рӯҳи одам) аз он замон, ки номаи шодиафзои ишқи туро ба нигориш даровард, яъне, ошиқ шуд, тамоми хушиҳои зиндагиро аз дили худ берун ронд ва бо ғами ту дил хуш кард.

Ин ғазали басо зебою дилнишин яке аз ғазалҳои ирфонии Ҳофиз аст, ки дар бораи офариниши Одам ва пайдоиши ишқ ҳикоят мекунад. Бо таҷаллии маъшуқи азалӣ ишқ ба вуҷуд омад. Касе аз мавҷудот, ҳатто фариштагон таҳаммули бори ишқро надоштанд, танҳо Одам ин бори амонатро қабул кард ва ба ин васила аз тамоми мавҷудот бартарӣ ёфт. Инсон, ки бо оташи ишқ барафрӯхта шуд, гумон кард, ки ба висоли маъшуқ расидан осон аст. Вале бехабар буд, ки дар ин роҳ мушкилҳо зиёданд.