Шарҳи ғазал: «Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам»

Ғазали ёздаҳум

1. Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи1 ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

2. Тоири2 гулшани қудсам3, чӣ диҳам шарҳи фироқ,
Ки дар ин домгаҳи ҳодиса4 чун уфтодам?

3. Ман малак5 будаму фирдавси барин6 ҷоям буд,
Одам7 овард дар ин дайри харобободам8.

4. Сояи тӯбию9 дилҷӯии ҳуру10 лаби ҳавз11
Ба ҳавои сари кӯйи ту бирафт аз ёдам.

5. Нест бар лавҳи12 дилам ҷуз алифи13 қомати ёр,
Чӣ кунам, ҳарфи дигар ёд надод устодам14.

6. Кавкаби15 бахти маро ҳеч мунаҷҷим16 нашинохт,
Ё Раб, аз модари гетӣ17 ба чӣ толеъ18 зодам?

7. То шудам ҳалқабагӯши19 дари майхонаи ишқ20,
Ҳар дам ояд ғаме аз нав ба муборакбодам.

8. Мехӯрад хуни дилам мардумаки дида21, сазост22,
Ки чаро дил ба ҷигаргӯшаи мардум23 додам?

9. Пок кун чеҳраи Ҳофиз ба сари зулф зи ашк,
В-арна ин сели дамодам24 бибарад бунёдам.

Вазн: Баҳри рамали мусаммани махбуни аслам.

Қофия: дилшодам, озодам, уфтодам…

Луғат:

1. Банда: ғулом, мутеъ, бандаи ишқ: мутеи ишқ, ошиқ

2. Тоир: паранда.

3. Гулшани қудс: киноя аз боғи биҳишт

4. Домгаҳи ҳодиса: киноя аз дунё.

6. Фирдавси барин: биҳишти аъло, беҳтарин ҷойи биҳишт.

7. Одам: аввалин инсон, ҳазрати Одам.

8. Дайри харобобод: киноя аз дунё.

9. Тӯбо: дарахтест дар биҳишт.

10. Ҳур: духтарони зебои биҳиштӣ, ки мӯю чашмони сиёҳ ва пӯсти сафед доранд.

11. Ҳавз: мурод ҳавзи Кавсар, ки дар биҳишт аст.

12. Лавҳ: сафҳа ва ҳар чизи паҳн, ки метавон ба рӯйи он навишт, лавҳи дил, саҳифаи дил, дил ба лавҳ монанд шудааст.

13. Алиф: ҳарфи нахустини алифбо, ки ба қадди рост монанд аст ва дар суннати адабиёти мо қадди ёрро ба он ташбеҳ мекунанд, дар шеъри ирфонӣ алиф истиора аз зоти Ҳақ, тавҳиду ваҳдат аст.

14. Устод: истиора аз Парвардгор.

15. Кавкаб: ситора.

16. Мунаҷҷим: ситорашинос.

17. Модари гетӣ: аз он ҷо, ки ҳама инсонҳо дар домани дунё ба воя мерасанд, шоир дунёро ба модар ташбеҳ додаст.

18. Толеъ: бароянда, тулуъкунанда, дар истилоҳи ситорашиносӣ бурҷе, ки дар вақти таваллуди касе дар шарқи осмон намоён бошад ва гӯё хушбахтию бадбахтии одам ба саъд ё наҳс будани он бурҷ вобаста аст.

19. Ҳалқабагӯш: киноя аз фармонбардор, мутеъ.

20. Майхонаи ишқ: ишқ аз он сабаб, ки ақлро заиф мегардонад ва мастӣ меоварад, ба майхона монанд шудааст, киноя аз олами лоҳут, ки тинати Одамро он ҷо сириштанд.

21. Хуни дил хӯрдани мардумаки дида: киноя аз хун гиристани чашм.

22. Сазост: сазовор аст, шоиста аст.

23. Дамодам: иҳом дорад: а) лаҳза ба лаҳза, пай дар пай, б) лаболаб, пур.

Маънии байти 1: Боифтихор ва ошкора мегӯяму аз гуфтаи худ хурсанд ҳам ҳастам, ки ман ошиқаму ғуломи даргаҳи ишқам ва бандагии ишқ ба ман имкон дода, ки аз вобастагии ин ҷаҳону охират озод бошам.

Маънии байти 2: Ман (рӯҳи инсон) парандаи боғи биҳиштам, чӣ гуна метавонам ҳодисаи ҷудоии худро аз биҳишт ва гирифтор шуданамро дар дунёи пурҳаводис баён кунам.

Маънии байти 3: Ман аз ҷумлаи фариштагон будам (яъне, поку бегуноҳ будам)-у беҳтарин ҷойи биҳишт макони ман буд, бо гуноҳи Одам (ки фиреби шайтонро хӯрду аз ҷаннат ронда шуд) гирифтори ин дунёи пурбалову вайрона шудам.

Маънии байти 4: Эй маҳбуби азалию абадӣ, ман аз навозиши духтарони зебои биҳиштӣ, сояи дарахти Тубо, роҳат дар лаби ҳавзи Кавсар ва дигар нозу неъматҳои ду дунё даст кашидам, то ба чеҳраи зебои ту бингарам.

Маънии байти 5: Дар сафҳаи дили ман ба ғайр аз қомати алифосои ёр чизи дигаре навишта нашудааст (яъне, дар дили ман ба ҷуз аз ишқи ёр чизи дигаре вуҷуд надорад), чӣ метавон кард, устоди азал ба ман ба ғайри муҳаббат чизе наомӯхтааст.

Маънии байти 6: Ситораи бахти маро ҳеч як ситорашиносе муайян карда натавонист (яъне, ман ба мунаҷҷимон бовар надорам), Худоё, дар ин дунё бо кадом толеъ таваллуд шудам?

Маънии байти 7: Аз замоне, ки ошиқ шудаму ҳалқаи бандагии султони ишқро дар гӯш кардам, ҳар лаҳза ғаму андӯҳи нав ба суроғи ман меояду маро муборакбод мегӯяд.

Маънии байти 8: Агар чашми ман хун мехӯрад, сазойи ӯст, зеро ҳар балое, ки ба сари мани ошиқ меояд, бо гуноҳи ӯст. Ин чашми ман аст, ки зебоиро мебинаду дили бечораам побанди ӯ мегардад. Маҳз бо гуноҳи чашм дили ман гирифтори ҷигаргӯшаи мардум гардид.

Маънии байти 9: Эй ёри азиз, боре барои дилҷӯйии ман биё, вагарна сели ашке, ки аз чашмонам ҷорист, ҳастии маро аз байн мебарад.

Шоир вуҷуди худро монанди як бино ба тасвир оварда ва ашкашро ба селе монанд карда, ки ин биноро аз байн мебарад, агар дилҷӯйии маҳбуба набошад.