Шарҳи ғазал: «Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд»

Ғазали нуздаҳум

1. Даст аз талаб надорам1, то коми ман барояд2,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

2. Бикшой турбатамро3 баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам4 дуд аз кафан барояд.

3. Бинмой рух, ки халқе волеҳ5 шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб6, ки фарёд аз марду зан барояд.

4. Ҷон бар лаб асту7 ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш
Нагрифта ҳеч коме ҷон аз бадан барояд.

5. Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон8 кай з-он даҳан барояд?

6. Гӯянд зикри хайраш9 дар хайли10 ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман11 барояд.

Вазн: Баҳри музореи мусаммани ахраб.

Қофия: ман, тан, кафан…

Радиф: барояд.

Луғат:

1. Талаб: ҷустуҷӯ; талаб зинаи аввалини тариқат аст ва мурод ё коми талаб он аст, ки равзанаи маърифат дар дили солик кушода шавад.

2. Коми ман барояд: яъне, ба муроду мақсад бирасам.

3. Турбат: қабр, гӯр.

4. Оташи дарун: истиора аз ишқ.

5. Волеҳ: вола, шефтаю шайдо.

6. Бикшой лаб: яъне, сухан бигӯ.

7. Ҷон бар лаб будан: киноя аз бесабрию беқарорӣ.

8. Коми тангдастон: орзу, муроду мақсади камбағалон, тангдастон ин ҷо соликоне ҳастанд, ки худро шоистаи инояти маъшуқ намедонанд.

9. Зикри хайр: ба некӣ ёд кардан

10. Хайл: гурӯҳи одамон.

11. Анҷуман: маҷлис, ҷамъомад.

Маънии байти 1: Ҳаргиз аз талабу ҷустуҷӯ даст намекашам, то ба муроди дил бирасам. Дар ин роҳ ё ба маъшуқ хоҳам расид, ё аз ҷони худ даст хоҳам кашид.

Маънии байти 2: Оташи ишқ дар вуҷуди мани ошиқ баъд аз марг ҳам хомӯш намешавад ва агар гӯри маро бикушоӣ, дуди он оташ аз кафанам шуъла мезанад.

Маънии байти 3: Эй маъшуқи ман, чеҳраи худро нишон бидеҳ, то ҳама мардум шефтаву ҳайрон бишаванд ва лаб ба сухан бикушой, то бо шунидани каломи дилпазират ба ваҷд оянду аз шавқ фарёд бароранд.

Маънии байти 4: Дар иштиёқи дидори ту, эй ёри нозанин, ҷонам ба лаб расидаву ҳасрат дар дил дорам, ки ба висол нарасам ва ин ҷон маро тарк гӯяд.

Маънии байти 5: Ба ёди лаби ширини ёр, ки ҳасрати бӯсидани он дар дил аст, ҷон дар танам тангӣ мекунад ва мехоҳад ин ҷисми хокиро тарк кунад. Ба ростӣ, оё орзую муроди мо — ошиқони нолоиқ бо ин ишқи нотамом аз он маҳбуби бениёз бароварда мешавад?

Маънии байти 6: Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз ва ё шеъри ӯ дар ҷамъи ошиқони вораста садо медиҳад, ҳозирони маҷлис аз ӯ ба некӣ ёд мекунанду офаринаш мехонанд.