Шарҳи ғазал: «Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро»

Ғазали нуҳум

1. Дил меравад зи дастам1, соҳибдилон2, Худоро3,
Дардо4, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

2. Киштинишастагонем, эй боди шурта5, бархез,
Бошад, ки6 боз бинем дидори ошноро.

3. Даҳрӯза меҳри гардун7 афсона асту афсун8,
Некӣ ба ҷойи9 ёрон фурсат10 шумор, ёро.

4. Дар ҳалқаи11 гулу мул12 хуш хонд дӯш13 булбул,
Ҳоти-с-сабӯҳа ҳуббу ё айюҳа-с-сукоро14!

5. Эй соҳиби каромат15, шукронаи саломат16,
Рӯзе тафаққуде17 кун дарвеши18 бенаворо.

6. Осоиши ду гетӣ19 тафсири20 ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват21, бо душманон мудоро22.

7. Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро23.

8. Он талхваш24, ки сӯфӣ уммулхабоисаш25 хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қублат-ил-изоро26.

9. Ҳангоми тангдастӣ27 дар айш28 кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи29 ҳастӣ Қорун30 кунад гадоро.

10. Саркаш машав, ки чун шамъ аз ғайратат31 бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мум32 аст санги хоро33.

11. Оинаи Сикандар34 ҷоми май аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро35.

12. Туркони порсигӯ36 бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони37 порсоро.

13. Ҳофиз ба худ38 напӯшид ин хирқаи39 майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор40 моро!

Вазн: Баҳри музореъи мусаммани ахраб.

Қофия: Худоро, ошкоро, ошноро…

Луғат:

1. Дил аз даст рафтан: дил додан, ошиқ шудан

2. Соҳибдилон: аҳли дил, аҳли маънӣ,орифон.

3. Худоро: аз барои Худо

4. Дардо: дареғо, афсӯс.

5. Боди шурта: боди мувофиқ барои рондани киштиҳои бодбонӣ.

6. Бошад, ки: умед аст, ки.

7. Даҳрӯза меҳри гардун: меҳру муҳаббати чандрӯзаи зиндагӣ, киноя аз умри кӯтоҳ, хоса даврони ҷавонию тавоноӣ.

8. Афсун: сеҳру ҷоду, фиребу найранг.

9. Ба ҷойи: ба ҳаққи

10. Фурсат: вақти муносиб, мавқеи муносибу мувофиқ.

11. Ҳалқа: гурӯҳ, маҷлис, анҷуман.

12. Мул: шароб, бода.

13. Дӯш: дишаб, шаби гузашта.

14. Ҳоти-с-сабӯҳ…: Асбоби шаробнӯшии бомдодиро биёваред, эй майгусорон, бедор шавед!

15. Соҳиби каромат: он, ки бахшояндаву саховатманд аст.

16. Шукронаи саломат: барои сипос аз офияти тану ҷон.

17. Тафаққуд: аҳволпурсӣ, дилҷӯӣ.

18. Дарвеш: фақир, камбағал.

19. Ду гетӣ: ин дунёву он дунё (охират),

20. Тафсир: шарҳу баён кардан, пайдо ва ошкор кардан.

21. Мурувват: олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ.

22. Мудоро: илтифот, муомилаи нек, бо нармӣ ва ҳусни хулқ бо касе рафтор кардан.

23. Қазо: сарнавишт, ҳукми Худованд.

24. Талхваш: талхмазза, киноя аз май.

25. Уммулхабоис: модари палидиҳо, киноя аз шароб. Ин таъбир аз ҳадиси набавӣ аст: «Шароб модари палидиҳост ва ҳар кӣ бинӯшад, Худованд чиҳил рӯз намози ӯро нахоҳад пазируфт ва агар маст бимирад, ҳамоно, ба марги ҷоҳилият мурда бошад».

26. Ашҳолано…: барои мо аз бӯсаи духтарони дӯшиза ширинтару гуворотар аст.

27. Тангдастӣ: бечизӣ, камбағалӣ.

28. Айш: зиндагии хуш ва хушгузаронии вақт.

29. Кимиё: алхимия, илме, ки мақсади он маъданҳои оддӣ, мисли мисро ба тилову нуқра табдил додан буд, киноя аз чизи камёб, кимиёи ҳастӣ- киноя аз шароб.

30. Қорун: ривоят мекунанд, ки Қорун кимиёгар буда ва сарвати худро аз кимиёгарӣ ба даст овардааст.

31. Ғайрат: рашку ҳасад, қаҳру ғазаб, дар ирфони ошиқона ғайрат ба рашки илоҳӣ таъбир мешавад.

32. Мум: моддаи мулоиме, ки занбӯри асал ҳосил мекунад, рамзи нармию мулоимӣ.

33. Санги хоро: санги бениҳот сахт, рамзи сахтию муҳкамӣ.

34. Оинаи Сикандар: оинае буда, ки Арасту – устоди Искандар сохта ва бар сари манораи Искандария насб карда буд, то аз аҳволи Фаранг (Аврупо) огоҳ бошад. Шабе посбонон дар хоб монданд ва фарангиён ин оинаро дар об андохтанду Искандарияро ғасб карданд. Дар адабиёти мо оинаи Искандар ба ҷоми ҷаҳоннамо маъруф аст, ки бо ҷоми Ҷам омехта шудааст.

35. Доро: подшоҳи охирини Ҳахоманишӣ, ки аз дасти Искандари Мақдунӣ шикаст хӯрду кушта шуд.

36. Туркони порсигӯ: духтарон, канизакони зебо, ки ба форсӣ сухан мегӯянд.

37. Ринд: мункири амрҳои шаръӣ, ки инкори ӯ аз зиракӣ бошад, на аз ҷаҳл, шахсе, ки зоҳираш дар маломат асту ботинаш саломат, образи дӯстдоштаи Ҳофиз дар муқобили зоҳиду сӯфии риёкор.

38. Ба худ: ба хост ва ихтиёри худ

39. Хирқа: либоси расмии сӯфиён, хирқаи майолуд-киноя аз ирфони ошиқона.

40. Маъзур дор: бибахш.

Маънии байти 1: Эй орифони ошиқ, аз барои Худо, ба фарёди ман бираседу маро ёрӣ диҳед, ки дил аз даст меравад, афсӯс, ки сирри ошиқии ман, ки пинҳон аз ӯ бо ӯ ишқ меварзидам, фош мегардаду ҳама огоҳ мегарданд.

Маънии байти 2: Мо дар дарёи муҳаббат савори киштии бодбонием, эй боди мувофиқ, биваз, шояд ки ба мушоҳидаи ҷамоли ёр мушарраф гардем.

Маънии байти 3: Эй дӯст, меҳру муҳаббати чандрӯзаи ин дунё, хоса дар айёми ҷавонӣ макру фиреб асту ба зудӣ афсона хоҳад шуд, ба он дил мабанду фирефта машав, ки бебақост, пас некиро ғанимат дону накӯкориро дар ҳаққи ёрону дӯстони худ аз ёд мабар.

Маънии байти 4: Дишаб дар боғи пероста аз гулҳои рангоранг, ки асбоби тараб муҳайё буд, булбули ошиқ хуш мехонд ва гӯё мегуфт: эй майгусорон, бедор шавед ва асбоби шаробнӯшии бомдодиро биёваред!

Маънии байти 5: Эй ҷавонмад, ба шукронаи саломатие, ки Худованд бу ту додаст, гоҳе аз ҳоли дарвешони бенаво бипурсу дастгирашон бош!

Маънии байти 6: Хоҳӣ, ки дар ду ҷаҳон саодатманд бошӣ, ин ду нуктаро дар ёд дору амал кун: Касе, ки бо дӯстонаш меҳрубон асту ёрӣ медиҳад ва бо душманонаш забон меёбаду муросо мекунад, дар ин ҷаҳон осуда асту дар он ҷаҳон мавриди лутфи Худованд қарор мегирад.

Маънии байти 7: Ҳукми Худованд дар азал дар ҳаққи мо риндиву ошиқӣ навишта шуда, на монанди ту, эй зоҳид, порсоию некномии дурӯғин, агар инро намеписандӣ, бирав, сарнавиштро тағйир деҳ.

Дар шеъри Ҳофиз «некномӣ» корбурди танзомез дорад. Он шуҳрати хубию некномӣ, ки сӯфию зоҳид аз тариқи риёкорӣ ба даст овардаанд, Ҳофиз намехоҳад ва дар мисраи дуюм танзомез мегӯяд: Агар намехоҳӣ, ки ин тавр бошад, бирав, тақдири худовандиро дигар кун.

Маънии байти 8: Он шароби талхмазза, ки онро модари зиштиҳо медонанд, маро аз бӯсаи дӯшизагон ширинтару гуворотар аст.

«Талхваш», яъне майи талх дар соҳати дарунмаънӣ метавонад ба чанд маънӣ қобили қабул бошад: Аввалан, шароби талх метавонад «шароби ҳақ» бошад, зеро «ҳақиқат талх аст». Сӯфӣ майи талх (майи ҳақ)-ро аз шароби талхи ҳаром, ки Расули акрам(с) онро модари палидиҳо хондааст, фарқ намекунад. Сӯфӣ, ки гирифтори зуҳди хушк аст, дар ин қиёс ба роҳи хато рафтааст. Сониян, бодаи талх метавонад сабр бошад, зеро сабр низ монанди шароб талх асту самараи ширин дорад. Сеюм, маънои асосии бода ва ё шароби талх назди орифон ишқ аст. Ишқ бо ранҷу дард ва андӯҳ тавъам аст ва коми ошиқ низ пайваста талх асту роҳи ишқ бекарона. Ҷойи дигар ба ҳамин маънӣ мегӯяд:

Шароби талхи сӯфисӯз бунёдам бихоҳад бурд,
Лабам бар лаб неҳ, эй соқию бистон ҷони ширинам.

Сифати «сӯфисӯзӣ» доштани шароби талх аз он ҷиҳат аст, ки зуҳди хушкро месӯзад ва танҳо он вақт сӯфӣ ё зоҳид метавонад аз манзили зуҳд ба манзили ишқ ё худ муҳаббат гузар созад. Ҳамин сифати «сӯфисӯзӣ»-и шароби талх далолат бар он дорад, ки мурод аз шароби талх ишқ аст.

Маънии байти 9: Мақсади шоир аз ин байт ин аст, ки агар шахси камбағал истиғнои табъ дошта, бо дода қаноат кунад, осудатар аз Қорун хоҳад зист.

Маънии байти 10: Эй ошиқ, агар дар баробари маҳбуби азалӣ (Парвардгор) нофармон бошиву аз ҳукми ӯ сар бипечӣ, ғайрати Ҳақ чун шамъ туро месӯзонад, агарчи чун санги хоро сахт ҳам бошӣ.

Маънии байти 11: Эй солики тариқат, агар ҷӯёни оинаи Сикандар, ки ҳамон ҷоми май (дили поки ориф) аст, ҳастӣ, дурустар бар он нигоҳ кун, то асрори мулки Дороро бар ту равшан кунад, ки чӣ гуна нобуд шуд, то ба ин васила беэътибории ин дунё ба ту маълум гардад.

Маънии байти 12: Зеборӯён, ки ба форсӣ сухан мегӯянд, хеле хушовозу ширингуфторанд, ҳамнишинӣ бо онҳо умри инсонро дарозу зиндагиро хуш мекунад. Эй соқӣ, ба риндони покбоз мужда бидеҳ, ки дил ба ишқ зинда доранду ҷӯёни талъати зеборухони порсигӯ бошанд.

Маънии байти 13: Эй шайхи покдоман, Ҳофиз шеваи зоҳидонаи туро тарк карду ба тариқати ирфони ошиқона гузашт. Ӯ ин корро аз пеши худ интихоб накард, балки сиришти азалияш ин буд, аз ин рӯ, вайро бибахш, зеро бо ҳукми Худо чорае нест.