Шарҳи ғазал: «Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст»

Ғазали понздаҳум

1. Марҳабо1, эй пайки муштоқон2, бидеҳ пайғоми дӯст3,
То кунам ҷон аз сари рағбат4 фидои номи дӯст.

2. Волаву5 шайдост6 доим ҳамчу булбул дар қафас
Тӯтии табъам7 зи ишқи шаккару бодоми8 дӯст.

3. Зулфи ӯ дом асту холаш донаи он дому ман
Бар умеди донае уфтодаам дар доми дӯст.

4. Сар зи мастӣ барнагирад9 то ба субҳи рӯзи ҳашр10,
Ҳар кӣ чун ман дар азал11 як ҷуръа12 хӯрд аз ҷоми дӯст.

5. Бас13 нагӯям шаммае14 аз шарҳи шавқи15 худ, аз он-к
Дарди сар бошад намудан беш аз ин иброми16 дӯст.

6. Гар диҳад дастам17, кашам дар дида ҳамчун тӯтиё18
Хоки роҳе, к-он мушарраф гардад19 аз ақдоми20 дӯст.

7. Майли ман сӯйи висолу21 қасди ӯ сӯйи фироқ22,
Тарки коми23 худ гирифтам, то барояд коми дӯст.

8. Ҳофиз, андар дарди ӯ месӯзу бедармон бисоз,
З-он ки дармоне надорад дарди беороми24 дӯст.

Вазн: Баҳри рамали мусаммани мақсур.

Қофия: пайғом, ном, бодом…

Радиф: дӯст.

Луғат:

1. Марҳабо: Хуш омадед, марҳамат (барои пазироии меҳмон гуфта мешавад), офарин.

2. Пайки муштоқон: номабар, қосиди ошиқон, киноя аз боди сабо.

3. Дӯст: илова бар маънии маъмулиаш ба маънии маҳбуба ва маъшуқи азалӣ низ меояд.

4. Аз сари рағбат: бо ҷону дил, бо майли тамом.

5. Вола: шефта, мафтун, ҳайрон, саргашта.

6. Шайдо: ошуфта, девона, ошиқи гузаро.

7. Тӯтии табъ: табъ, ҳастӣ, табъи худро аз сабаби хушсуханӣ ба тӯтӣ ташбеҳ кардааст.

8. Шаккару бодом: истиора аз лабу чашми маҳбуба аст. Шаккару бодом бо тӯтӣ инсиҷоми маъноӣ дорад, зеро хӯроки тӯтӣ шаккару бодом аст.

9. Сар барнагирифтан: бедор нашудан, ҳушёр нашудан,

10. Рӯзи ҳашр: рӯзи қиёмат, растохез.

11. Азал: рӯзи нахустини офариниши Одам, замони беоғоз

12. Ҷуръа: қатра, ҷуръа аз ҷоми дӯст: ишора ба пайванди азалии инсон ба асрори олами ғайб, ҳамон ишқи азалӣ дар назар аст.

13. Бас нагӯям: бисёр нагӯям.

14. Шаммае: андаке, каме.

15. Шавқ: иштиёқу орзумандӣ.

16. Ибром: пофишорӣ ва ба танг овардан.

17. Даст додан: киноя аз имкон пайдо кардан, муяссар шудан.

18. Тӯтиё: сурма, ки ба чашм мекашанд.

19. Мушарраф гардидан: сарфароз гардидан, иззату шараф ёфтан.

20. Ақдом: қадамҳо.

21. Висол: пайванд бо маҳбуба.

22. Фироқ: дурӣ ва ҷудоӣ аз ёр.

23. Ком: мақсад, майлу орзу.

24. Дарди беором: дарде, ки ором намегирад, дарди бедармон, киноя аз ишқ.

Маънии байти 1: Хуш омадӣ, эй боди сабо, офарин бар ту бод, номаи дӯстро бидеҳ, то бо майли тамом ҷон фидои номи дӯст кунам.

Маънии байти 2: Монанди булбули гирифтори қафас табъи ширингуфтори чун тӯтии ман дар орзуи чашми зебои чун бодом ва лаби ширини ёр беқарорӣ мекунад.

Маънии байти 3: Зулфи ёр чун дому холи ӯ донаи он дом аст, дили бечораи ман ба умеди висол гирифтори ин дом гардид.

Маънии байти 4: Ҳар кӣ чун ман дар рӯзи азал аз мушоҳидаи ҷамоли маъшуқ баҳравар гардиду ошиқ шуд, дигар то рӯзи қиёмат аз шароби ишқ ҳушёр нахоҳад шуд. Ба таъбири содатар: Ошиқ шудан сарнавишти мост.

Маънии байти 5: Намехоҳам аз иштиёқу шавқи худ ба маҳбуба зиёд сухан бигӯям, зеро гуфтани беш аз андоза боиси малоли хотири ёри нозуктабъи ман мегардад.

Маънии байти 6: Агар имкон даст диҳад, хоки кӯйи дӯстро ҳамчун санги сурма ба дида мекашам.

Маънии байти 7: Ҳарчанд майл дорам ва орзуи ягонаам пайванд бо маҳбуб аст, аммо чун ёр азми ҷудоӣ дораду дурӣ меҷӯяд, ман аз хоҳишам даст мекашам, то ёр ба мақсади дилаш расад. Яъне, ба ризои ӯ розиям.

Маънии байти 8: Эй Ҳофиз, бо дарди ишқ бисӯзу бисоз ва ҳеч вақт дар орзуи дармон мабош, зеро дарди ишқ дармон надораду ошиқро ҳамеша дар ранҷ медорад.