Шарҳи ғазал: «Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро»

Ғазали сеюм

1. Агар он турки шерозӣ1 ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш2 бахшам Самарқанду Бухороро.

2. Бидеҳ соқӣ3 майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт
Канори оби Рукнободу4 гулгашти Мусаллоро5.

3. Фиғон к-ин лӯлиёни6 шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо7.

4. Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист8,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?!

5. Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф9 дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат10 бурун орад Зулайхоро11.

6. Агар душном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.

7. Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

8. Ҳадис12 аз мутрибу май гӯву рози даҳр13 камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат14 ин муамморо.

9. Ғазал гуфтию дур15 суфтӣ биёву хуш бихон Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро16.

Вазн: Ҳазаҷи мусаммани солим.

Қофия: мо, Бухоро, Мусалло, яғмо…

Радиф: ро.

Луғат:

1. Турки шерозӣ: турк ин ҷо ба маънии зеборӯй омадааст ва мурод аз он маҳбуба ё канизаки зеборӯйи шерозист.

2. Холи ҳинду: холи сиёҳ.

3. Соқӣ: соқӣ дар луғат ба маънии обдиҳанда аст, аммо бештар ба маънии шаробдиҳанда ба кор меравад, яъне, соқӣ касест, ки дар базм ба ҷоми ҳозирон шароб мерезад.

4. Рукнобод: аз наҳрҳои маъруфи Шероз аст.

5. Мусалло: яке аз гардишгоҳҳои Шероз аст, ки мақбараи Ҳофиз дар он ҷост.

6. Лӯлиён: қавми чодарнишин, ки бештар ба навозандагию хонандагӣ машғуланд, ҳамон ҷӯгиёнанд, ки дар замони Баҳроми Гӯр аз Ҳиндустон ба Эрон омадаанд. Аммо ин ҷо ба маънии зебою нозук ва зариф омада, ки киноя аз маъшуқ аст.

7. Яғмо: дар луғат ба маънии хон (дастархон)-и тороҷ аст. Дар тафсирҳо омада, ки хони яғмо – суфраи ом аст, ки подшоҳон дар айёми ид, махсусан иди қурбон мегустарданд ва мурдуми муҳтоҷ онро ғорат мекарданд. Ҳамчунин ривоят аст, ки дар суннати туркон, хусусан лашкариёни турк расме буда, ки дар ҳар меҳмонӣ пас аз хӯрдани хӯрок олот ва лавозими мизбониро ғорат мекардаанд. Хулоса, яғмо ишора ба ғаратгарии туркон дорад.

8. Мустағнӣ: бениёз.

9. Юсуф: писари Яъқуби пайғамбар, ки хеле зебо буд ва падараш беш аз дигар писарон ба ӯ таваҷҷуҳ дошт, ки боиси рашки бародарон гардид. Бародаронаш ӯро ба чоҳ андохтанд, корвоне ӯро аз чоҳ берун овард ва дар Миср ба ғуломӣ фурӯхт. Азизи Миср ӯро барои занаш Зулайхо харид. Чун Юсуф бузург шуд, Зулайхо ба вай изхори ишқ намуд ва чун аз гуноҳ худдорӣ кард, Зулайхо ба вай туҳмат зад ва ӯро ба зиндон афканд. Саранҷом Юсуф бо таъбири хоби подшоҳи Миср аз зиндон халос шуд ва ба мақоми ноиби подшоҳ расид. Юсуф дар адабиёти форсии тоҷикӣ рамзи зебоӣ ва покдоманист.

10. Исмат: покдоманӣ.

11. Зулайхо: зани Азизи Миср, ки ба Юсуф ошиқ шуда буд.

12. Ҳадис: ин ҷо ба маънии сухан ба кор рафта аст.

13. Даҳр: дунё.

14. Ҳикмат: дониш, илм, мурод илми фалсафа.

15. Дур(р): марворид.

16. Иқди Сурайё: гарданбанди ситораи Парвин. Аз он ҷо, ки Сурайё, ки ба он Парвин ҳам мегӯянд, аз шаш ё ҳафт ситораи хурди дурахшон таркиб ёфтааст, онро ба гардандбанд ё хӯшаи ангур ташбеҳ кардаанд.

Маънии байти 1: Агар он маҳбубаи зебои шерозӣ дили моро ба даст оварад, дар баробари холи сиёҳи ӯ, ки ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре бахшидааст, ду шаҳри бузурги Самарқанду Бухороро тақдим мекунам.

Маънии байти 2: Эй соқӣ, ту шароби боқимонда аз базми дишабаро бирез, то бинӯшаму маст шавам ва аз накҳати Оби Рукнободу гулгашти Мусалло баҳравар шавам, ки чунин мавзеи фараҳбахшро дар ҷаннат ҳам пайдо нахоҳӣ кард.

Маънии байти 3: Доду фарёд аз нозу карашмаи ин зеборӯёни густох, ки бо ҳаракоти дилфиреби хеш шаҳреро ба ошӯб кашидаанд ва ончунон ки туркони ғоратгар хони яғморо ғорат мекунанд, сабру тақатро аз мо рабудааанд.

Маънии байти 4: Ҳамон тавре ки чеҳраи зебо ниёзе ба ороиши сунъӣ надорад, ҷамоли маъшуқ низ аз ишқи нокомили мо бениёз аст. Ба таъбири дигар: Ҳусну ҷамоли ёр ба ишқи нотамому норасои мо ниёзе надорад, зеро рӯйи зеборо ба обу ранг додану сафедию сурхӣ молидан ҳоҷат нест. Рӯйи зебо бе ороиш ҳам зебост, онро орою торо додан зарур нест.

Маънии байти 5: Аз он зебоии Юсуф, ки рӯз то рӯз дар афзоиш аст, фаҳмидам, ки оқибат ишқ Зулайхоро аз ҷодаи покдоманӣ берун мекунад ва расвои олам месозад.

Маънии байти 6: Эй маҳбубаи зебои ман, агар душном ё нафрин кунӣ, ман ҳамчунон дуогӯйи ту ҳастам, зеро барои ман шунидани душному нафрин аз лабони зебои ту худ як бахти баланд аст. Ҳато нафрину душном низ ба лабони сурхи ширини ту зебанда аст.

Маънии байти 7: Эй азизи ман, насиҳати мани пирро гӯш кун, зеро ҷавонони саодатманду хушбахт панди пири доноро бештар аз ҷонашон дӯст доранд.

Маънии байти 8: Сухан аз маю мутриб гӯю вақти худро хуш бигузарон ва камтар аз пайи кушодани рози офариниш бош, зеро касе то ҳол бо ақлу доноӣ натавонистааст муаммои ҳастиро ҳал намояду аз он огоҳӣ ёбад. Ин байт аз абёти хайёмонаи Ҳофиз аст: Асрори азалро на ту дониву на ман…

Маънии байти 9: Эй Ҳофиз, ғазалу нуктаҳои тозаю нав гуфтӣ, ҳоло биёю ин ғазалро бо оҳангу овози хуш бихон, то осмон чунон ба ваҷд ояд, ки гарданбанди Парвинро ба унвони инъом ба ту нисор кунад.

Ин ғазал яке аз беҳтарин ва машҳуртарин ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ буда, оҳанги гуворову тарабангез дорад ва бо номи «Насри ушшоқ» дар мақоми «Рост»-и «Шашмақом» суруда мешавад.