Шарҳи ғазал: «Эй нури чашми ман, сухане ҳаст, гӯш кун!»

Ғазали чаҳордаҳум

1. Эй нури чашми1 ман, сухане ҳаст, гӯш кун!
Чун соғарат2 пур аст, бинӯшону нӯш кун!

2. Дар роҳи ишқ васвасаи3 Аҳриман4 басест5,
Пеш ою гӯши дил ба паёми Суруш6 кун!

3. Барги7 наво8 табаҳ9 шуду сози10 тараб намонд,
Эй чанг11, нола12 баркашу эй даф13, хурӯш14 кун!

4. Тасбеҳу15 хирқа16 лаззати мастӣ набахшадат,
Ҳиммат17 дар ин амал талаб аз майфурӯш18 кун!

5. Пирон19 сухан зи таҷиба гӯянд20, гуфтамат,
Ҳон21, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун!

6. Бар ҳушманд22 силсила23 нанҳод дасти ишқ24,
Хоҳӣ, ки зулфи ёр кашӣ25, тарки ҳуш кун!

7. Бо дӯстон музоиқа26 дар умру мол нест,
Сад ҷон фидои ёри насиҳатниюш27 кун!

8. Соқӣ, ки ҷомат аз майи софӣ28 тиҳӣ29 мабод,
Чашми инояте30 ба мани дурднӯш31 кун!

9. Сармаст32 дар қабои зарафшон33 чу бигзарӣ,
Як бӯса назри34 Ҳофизи пашминапӯш35 кун!

Вазн: Баҳри музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф.

Қофия: гӯш, нӯш, Сурӯш…

Радиф: кун.

Луғат:

1. Нури чашм: киноя аз фарзанд.

2. Соғар: ҷом ва пиёлаи шароб, соғарат пур аст: яъне, имкони муҳаббат ба дигаронро дорӣ.

3. Васваса: фикру андешаҳои гумроҳкунанда

4. Аҳриман: шайтон, дев.

5. Басе: бисёр.

6. Суруш: фариштаи паёмовар, Ҷабраил, паёми Суруш: киноя аз панду андарзи пирони ботаҷриба монанди Ҳофиз аст.

7. Барг: асбобу васоил.

8. Наво: иҳом дорад: а)асбоби маишат ва зиндагӣ, озуқа; б) оҳанг, савту овоз.

9. Табаҳ шудан: нобуд шудан, нест шудан.

10. Соз: иҳом дорад: а) асбобу анҷом, ҷиҳоз, сомон; б) яке аз созҳои тории мусиқӣ; в) оҳанги мусиқӣ; г) ҷӯр, мувофиқ, созгор.

11. Чанг: асбоби мусиқӣ.

12. Нола: иҳом дорад: а) оҳу зорӣ; б)овоз хондан.

13. Даф: яке аз асбоби мусиқӣ, дойра.

14. Хурӯш: фарёду фиғон.

15. Тасбеҳ: дар луғат ба маънии субҳоналлоҳ гуфтан ва Худоро ба покӣ ёд кардан аст, субҳа, донаҳо, ки ба ришта кашида шуда аст, як васила аст барои зикр гуфтан.

16. Хирқа: либоси расмии аҳли тариқат.

17. Ҳиммат: дар луғат ба маънии баландназарӣ, дар назди орифон қасду кӯшиши дил аст барои ҳосили камол.

18. Майфурӯш: киноя аз пири тариқат, пири муғон, раҳнамои соликон.

19. Пирон: куҳансолон, онҳое, ки умри зиёд дидаанду таҷрибаи зиндагӣ омӯхтаанд.

20. Зи таҷриба гӯянд: аз таҷрибаи зиндагӣ сухан мегӯянд.

21. Ҳон: ҳушёру огоҳ бош!

22. Ҳушманд: одами оқил.

23. Силсила: банду занҷир.

24. Дасти ишқ: санъати ташхис аст, ба ишқ шахсият дода шудааст.

25. Зулфи ёр кашӣ: киноя аз ишқбозӣ, ҳамнишини ёр бошӣ.

26. Музоиқа: афсӯс, хӯрдан, дареғ доштан, душвор гирифтани кор.

27. Насиҳатниюш: насиҳатгӯшкун, ниюшидан: гӯш кардан.

28. Майи софӣ: шароби софу покизаи бедурд.

29. Тиҳӣ: холӣ.

30. Иноят: таваҷҷӯҳ, эҳсон.

31. Дурднӯш: киноя аз ринди ошиқ, оне, ки таҳшини шаробро менӯшад, дурд: шароби нохолис, ки камбаҳост.

32. Сармаст: шоду мағрур.

33. Зарафшон: қабои зарафшон.

34. Назр: ваъда, аҳду паймон, садақа.

35. Пашминапӯш: оне, ки либоси расмии орифонро пӯшидааст.

Маънии байти 1: Эй фарзанди азизи ман, бо ту сухане дорам, онро бишунаву дар зиндагӣ ба кор бар! Вақте зиндагиат хуш асту метавонӣ ба дигарон ёрӣ диҳӣ, ҳатман азм ба кори савоб кун, ҳам худ шод бошу ҳам корафтодагонро хурсанд кун!

Маънии байти 2: Дар тариқати ишқ васвасаи шайтон бисёр асту метавонад ҷавонони ошиқро гумроҳ кунад. Пас, эй фарзанди азиз, ба панду андарзи пирони кор гӯш деҳу тибқи гуфтаҳои онҳо амал намо.

Маънии байти 3: Эй чанг, ту нола куну эй доира, ту хурушу валвала бардор, ки асбоби зиндагии хуш нобудшуданӣ ва василаи шодмонӣ аз байн рафтанӣ аст.

Маънии байти 4: Бо роҳи зуҳду порсоӣ (тасбеҳу хирқа) ва ё худ ирфони обидона наметавон аз лаззати ишқ баҳравар шуду ба ҳақиқат расид. Барои расидан ба ҳаққу ҳақиқат ва баҳравар шудан аз ҷамоли маъшуқи азаливу абадӣ қадам ба ирфони ошиқона неҳ ва дастури пири тариқатро сармашқи кори худ қарор деҳ.

Маънии байти 5: Эй писари арҷманди ман, умрат дароз бод, хоҳӣ, ки ба камол расӣ, бидону огоҳ бош, ки пирон аз рӯйи таҷриба сухан мегӯянд, панди онҳоро гӯш кун!

Маънии байти 6: Эй азизи ман, ишқ бо ақл созгор намеояд, агар мехоҳӣ ошиқ бошию ба висоли ёр бирасӣ, аз васвасаҳои ақли маош озод бош.

Маънии байти 7: Дӯстони ҷонӣ барои якдигар ҷону мол дареғ намедоранд, агар сад ҷон дорӣ, онҳоро фидои ёри насиҳатпазир кун. Дар ин ҷо андарзи Ҳофиз тамом мешавад ва дар ду байти баъдӣ Хоҷа дар хитоб ба соқӣ мегӯяд:

Маънии байти 8: Эй соқӣ, аз Худованд таманно дорам, ки ҷомат ҳамеша пур аз майи софу равшан боду пайваста шоду хурсанд бошӣ, гоҳ-гоҳе бо илтифоту меҳрубонӣ ба мани ринди дурдинӯш назар намо.

Маънии байти 9: Ҳангоме ки шоду хурсанд ва мағрурона аз пеши мо мегузарӣ, назр кун, ки бӯсае ба Ҳофизи пашминапӯши ринд диҳӣ.