Шарҳи ғазал: «Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард»

Ғазали чаҳорум

1. Солҳо дил1 талаби ҷоми Ҷам2 аз мо мекард
В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.

2. Гавҳаре3, к-аз садафи кавну макон4 берун аст,
Талаб аз гумшудагони лаби дарё5 мекард.

3. Мушкили хеш бари пири муғон6 бурдам дӯш,
К-ӯ ба таъйиди7 назар ҳалли муаммо мекард.

4. Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст
В-андар он оина8 садгуна тамошо мекард.

5. Гуфтам: «Ин ҷоми ҷаҳонбин9 ба ту кай дод ҳаким10»?
Гуфт: «Он рӯз, ки ин гунбади мино11 мекард».

6. Бедиле12 дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,
Ӯ намедидашу аз дур Худоро13 мекард.

7. Ин ҳама шуъбадаи14 хеш, ки мекард ин ҷо
Сомирӣ15 пеши асову яди байзо16 мекард.

8. Гуфт, он ёр17, к-аз ӯ гашт сари дор баланд,
Ҷурмаш18 ин буд, ки асрор ҳувайдо19 мекард.

9. Файзи Руҳулқудус20 ар боз мадад фармояд,
Дигарон ҳам бикунанд он чи Масеҳо21 мекард.

10. Гуфтамаш: «Силсилаи зулфи22 бутон23 аз пайи чист?»
Гуфт: «Ҳофиз гилае аз дили шайдо24 мекард».

Вазн: Рамали мусаммани махбуни аслами мусаббағ.

Қофия: мо, тамано, дарё, муаммо, тамошо…

Радиф: мекард.

Луғат:

1. Дил: қалб, дар таъбири орифон, дил ҷойгоҳи таҷаллии анвори илоҳӣ ва воситаи миёни олами ҷисму маънӣ аст.

2. Ҷоми Ҷам: Ҷоме, ки дар он ҳама асрори олам дида мешавад ва бо номҳои ҷоми ҷаҳоннамо, ҷоми гетинамо низ ёд мешавад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин ҷом ба Кайхусрав нисбат дода шудааст. Чун кашфи шароб ба давраи Ҷамшед мансуб асту номи ӯ беш аз Кайхусрав шуҳрат дорад, ҷоми Кайхусравро ҷоми Ҷамшед хондаанд. Дар девони Ҳофиз ҷоми Ҷам ду маънӣ дорад: а) ҷоми май, б) дили ориф. Дар ин байт мурод аз ҷоми Ҷам дили айбнамо ва розкушои ориф аст.

3. Гавҳар: марворид, ин ҷо истиора аз дили поку оинасони ориф аст.

4. Макон: олами моддӣ.

5. Гумшудагони лаби дарё: касоне, ки ба ҳақиқат нарасидаанд ва аз дарёи ишқу маърифат бехабаранд, мурод файласуфон.

6. Пири муғон: пири майхона, дар луғат ба маънии пешвои дини зардуштӣ, аммо ин ҷо мурод пири тариқат аст.

7. Таъйид: кӯмак, ёрӣ.

8. Оина: истиора аз қадаҳи бодаи мисраи аввал.

9. Ҷаҳонбин: номи дигари ҷоми Ҷам аст.

10. Ҳаким: яке аз номҳои Худованд аст.

11. Мино: истиора аз осмони обиранг.

12. Бедил: дил аз даст дода, дилбохта, ошиқ.

13. Худоро: Худоё, эй Худо гуфтан.

14. Шуъбада: ҳиллаю найранг.

15. Сомирӣ: марде аз хешовандони Мусо, ки аз бузургони банӣ Исроил буд. Вақте Мусо ба Тури Сино рафта ва даҳ рӯз диранг кард, Сомирӣ дар ин фурсат аз тилою ҷавоҳирот гӯсолаи зарине сохт. Ҳангоме ки бод ба зери гӯсола дамида мешуд, аз гулӯи ӯ овозе берун меомад. Мадум аз тамошои он фирефта шуданд аз дин баргаштанду гӯсолапараст шуданд. Мусо бозгашт ва гӯсоларо пора-пора намуда, ба дарё партофт…

16. Асо ва яди байзо: аз муъҷизаҳои Мусо буд. Мусо асое дар даст дошт, ки агар ба замин мепартофт, аждаҳо мегашт. Бар зидди ҷодугарони Фиръавн бо он мебориза бурд ва ғолиб омад. Яди байзо — дасти сафед. Мусо чун даст ба гиребон мекарду берун меовард, нури сафеде аз он метофт ва панҷаҳояш нуронӣ мешуданд. Ин муъҷиза ба яди байзо маъруф аст, ки дар Қуръон омадааст.

17. Ёр: мурод аз «он ёр» ин ҷо Мансури Ҳаллоҷ дар назар аст, ки зинаи охири тариқатро тай намуд, вале асрори илоҳиро ошкор карду «анал-ҳақ» (ман худо ҳастам) гуфт ва бо ин гуноҳ ӯро ба дор кашиданд. Мансури Ҳаллоҷ дар адабиёти форсу тоҷик ба сифати сарсупурдаи ишқ ё худ шаҳиди ишқ шуҳрат дорад.

18. Ҷурм: гуноҳ.

19. Ҳувайдо: ошкор, фош кардан.

20. Руҳулқудус: фаришта Ҷабраил, ки аз ҷониби Худо ба пайғамбарон ваҳй меоварад.

21. Масеҳо: номи дигари Исо пайғамбар, ки бо даму нафаси худ бо амри Худо мурдаро зинда менамуд.

22. Занҷири зулф: зулф аз сабаби печу тобиаш ба занҷир ташбеҳ шудааст.

23.Бутон: истиора аз хубрӯён, зеборухон.

24. Шайдо: девона, ошиқ.

Маънии байти 1: Рӯзгоре буд, ки дили розҷӯйи ман ҷоми ҷаҳоннамои Ҷамро аз ман талаб мекард, то ба мадади он асрори офаринишро бикушояд, вале намедонист, ки он чӣ аз дигарон металабад, дар худи ӯст.

Маънии байти 2: Дил гавҳари гаронбаҳоеро, ки аз олами моддӣ берун аст, аз касоне талаб мекард, ки аз дарёи ишқ ва маърифат бехабару ноогоҳ буданд.

Маънии байти 3: Мушкили худро дишаб ба пири муғон, ки пиру раҳнамои ман аст, арз намудам, зеро танҳо ӯст, ки бо ёрии назару басирати худ ҳар муамморо ҳал мекунад.

Маънии байти 4: Пири муғонро шоду хандон дидам, ки дар даст ҷоми шароб дошт ва дар он ҷом ҷилваҳову нақшҳои гуногунро тамошо мекард.

Маънии байти 5: Аз пири муғон пурсидам, ки ин ҷоми ҷаҳоннаморо Худованд кай ба ту дода аст? Дар ҷавоб гуфт, ки он рӯз, ки ин осмони обирангро офарид.

Маънии байти 6: (Пири муғон ба шоир мегӯяд): Ошиқе, ки дар ҳама ҳолат Худо бо ӯ буд, аммо намедиду фарёд мекард ва Худоро металабид.

Маънии байти 7: Он ҳиллаю найранг, ки Сомирӣ дар пешгоҳи ҳақиқат мекунад, монанди ҳамон аст, ки дар муқобили асову яди байзои Мусо анҷом медод.

Маънии байти 8: Пири муғон достони Мансури Ҳаллоҷро, ки асрори илоҳиро фош карду ба ин гуноҳ ба дор кашида шуд, мисол оварда, гӯшзад карданист, ки аз ман талаби ифшои асрор макун.

Маънии байти 9: (Пир дар идома ба Ҳофиз мегӯяд:) Ба умеди лутфу бахшиши илоҳӣ бош, зеро агар файзи Руҳулқудус бори дигар ёрӣ намояд, дигарон ҳам метавонанд он чиро ки Исои Масеҳ кард, бикунанд.

Маънии байти 10: Хоҷа Ҳофиз аз пири муғон мепурсад, ки Худованд барои чӣ ба зеборӯён мӯйи занҷирвор пурпечутобро ато кардааст? Пир мегӯяд: Барои занҷир кардани дили шайдое ҳамчун дили Ҳофиз, то дигар ин гуна суолҳоро напурсад.