Шарҳи ғазал: «Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ»

Ғазали ҳабдаҳум

1. Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ1
Бад-он мардуми дидаи2 рӯшноӣ!

2. Дуруде3 чу нури дили порсоён4
Бад-он шамъи хилватгаҳи5 порсоӣ!

3. Намебинам аз ҳамдамон6 ҳеч бар ҷой,
Дилам хун шуд7 аз ғусса, соқӣ, куҷоӣ?

4. Зи кӯйи муғон8 рух магардон9, ки он ҷо
Фурӯшанд мифтоҳи10 мушкилкушоӣ.

5. Арӯси ҷаҳон11 гарчи дар ҳадди12 ҳусн аст,
Зи ҳад мебарад шеваи бевафоӣ.

6. Дили хастаи13 ман гараш ҳиммате ҳаст,
Нахоҳад зи сангиндилон мӯмиёӣ14.

7. Майи сӯфиафган15 куҷо мефурӯшанд,
Ки дар тобам16 аз дасти зуҳди риёӣ17?!

8. Рафиқон чунон аҳди суҳбат18 шикастанд,
Ки гӯйӣ набудаст худ ошноӣ.

9. Маро гар ту бигзорӣ, эй нафси томеъ19,
Басе подшоҳӣ кунам дар гадоӣ.

10. Биёмӯзамат кимиёи саодат20:
Зи ҳамсуҳбати бад ҷудоӣ, ҷудоӣ!

11. Макун, Ҳофиз, аз ҷаври даврон шикоят,
Чӣ донӣ ту, эй банда, кори худоӣ?!

Вазн: Баҳри мутақриби мусаммани солим.

Қофия: ошноӣ, рушаноӣ, порсоӣ…

Луғат:

1. Ошноӣ: дӯстӣ.

2. Мардуми дида: мардумаки чашм, истиора аз маҳбуба.

3. Дуруд: салом.

4. Порсоён: парҳезгорон, орифон.

5. Шамъи хилватгаҳ: чароғи гӯшанишинон, ин ҷо ишора ба маъшуқа.

6. Ҳамдамон: ҳамсуҳбатон, ҳамнишинон.

7. Дил хун шудан: бисёр ғамгин шудан, андӯҳгин будан.

8. Кӯйи муғон: дайри муғон, ибодатгоҳи зардуштиён, киноя аз майхона, маҳфили риндони соҳибдил.

9. Рух магардон: рӯй магардон, яъне, бетафовут мабош.

10. Мифтоҳ: калид, мифтоҳи мушкилкушоӣ: калиди ҳалли мушкилҳо, киноя аз шароб, ки истиора аз ишқ аст.

11. Арӯси ҷаҳон: дунё ба арӯси зебои бевафо монанд шуда, ки ҳама ба ӯ ошиқанд.

12. Ҳад: ниҳояти ҳар чиз

13. Дили хаста: дили маҷрӯҳ, озурда.

14. Мумиёӣ: марҳам, дору, ки дар шикастабандӣ истифода мебаранд.

15. Майи сӯфиафган: шаробе, ки сӯфиро беҳуш мегардонад, киноя аз ишқ, аст, ки сӯфиро аз зуҳди риёӣ наҷот медиҳад.

16. Тоб: ранҷ, шиканҷа.

17. Зуҳди риёӣ: порсоии зоҳирӣ, намоишкорона.

18. Аҳди суҳбат: аҳду паймони дӯстӣ.

19. Нафси томеъ: нафси тамаъкор, ҳарис.

20. Кимиёи саодат: дар шеъри Ҳофиз саодатест, ки инсонро ҳангоми тангдастӣ ғанӣ мегардонад, саодате ҳаст, ки касро аз дӯстони номувофиқ бениёз мегардонад ва ҳамчунин ишора ба «Кимиёи саодат»-и Ғазолӣ дорад.

Маънии байти 1: Саломи хушу гуворои дӯстона ба он ёри меҳрубон, ки чун мардумаки дида азиз асту сабаби равшании чашми мост.

Маънии байти 2: Дуруде монанди нури дили орифони равшанзамир ба он азизтарини соҳибдилон, ки равшании хилватгаҳи эшон аз нури ҷамоли ӯст.

Маънии байти 3: Дӯстони ҳамдилу ҷонии ман ҳама рафтаанд, касе нест, ки ғами дил бигӯям, эй соқӣ, шароб биёвар, ки дилам аз ғуса хун шуд.

Маънии байти 4: Аз майхона — маҳфили риндони соҳибдил ба ҳеч ваҷҳ рӯй магардон, ки танҳо дар он ҷо «аз ғами замона фароғат» меёбӣ, ба хостаҳои дил мерасӣ.

Маънии байти 5: Дунё воқеан зебост, вале набояд ба он дил баст, зеро ба касе вафо накардааст, ки ба мо кунад.

Маънии байти 6: Дили озурдаи ман волоназар асту ба ҳеч ваҷҳ аз одамони сангдил марҳаме талаб намекунад. Яъне, ман аз касе интизори меҳрубонӣ нестам.

Маънии байти 7: Куҷост он шаробе, ки тавонад сӯфии риёкорро аз ҳолоти порсоии дурӯғин раҳоӣ бахшад, ки ман аз дасти ин сӯфиёни риёкор дар ранҷу азобам?

Маънии байти 8: Дӯстони номувофиқи ман чунон аҳду паймон шикастанд, ки гӯё ҳеч вақт оини дӯстию рафиқӣ набудааст.

Маънии байти 9: Эй нафси ҳарису тамаъкор, агар аз ту халосӣ ёбам, дар айни нодорӣ, чун подшоҳи олам зиндагонӣ хоҳам кард.

Маънии байти 10: Эй дӯст, кимиёву иксири хушбахтӣ ин аст, ки ҳаргиз ҳамнишину ҳамсуҳбати инсонҳои бад набошӣ!

Маънии байти 11: Эй Ҳофиз, аз ҷабру ситами замона шикоят макун, зеро инсон аз кори Худованд огоҳ нест ва шояд он ба манфиати ту бошад.