Шарҳи ғазал: «Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ»

Ғазали ҳафтум

1. Зи кӯйи ёр меояд насими1 боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил2 барафрӯзӣ.

2. Чу гул гар хурдае3 дорӣ, Худоро4, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро5 ғалатҳо дод6 савдои зарандӯзӣ7.

3. Зи ҷоми гул8 дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,
Ки зад бар чархи фирӯза9 сафири10 Тахти фирӯзӣ11.

4. Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам12 биафшонӣ,
Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.

5. Чу имкони хулуд13, эй дил, дар ин фирӯзаайвон14 нест,
Маҷоли15 айш фурсат дон ба фирӯзию беҳрӯзӣ.

6. Тариқи комбахшӣ16 чист? Тарки коми худ кардан,
Кулоҳи сарварӣ он аст, к-аз ин тарк17 бардӯзӣ.

7. Сухан дар парда мегӯям18, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе19 нест ҳукми мири наврӯзӣ20.

8. Надонам навҳаи қумрӣ21 ба тарфи ҷӯйборон чист,
Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ?

9. Майе дорам чу ҷон софию сӯфӣ22 мекунад айбаш,
Худоё, ҳеч оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ!

10. Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, эй шамъ,
Ки ҳукми осмон23 ин аст, агар созӣ в-агар сӯзӣ.

11. Ба уҷби24 илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,
Биё, соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар25 мерасад рӯзе.

12. Май андар маҷлиси Осаф26 ба Наврӯзи Ҷалолӣ27 нӯш,
Ки бахшад ҷуръаи ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.

13. На Ҳофиз мекунад танҳо дуои Хоҷа Туроншоҳ28,
Зи мадҳи Осафе хоҳад ҷаҳон идию наврӯзӣ.

14. Ҷанобаш29 порсоёнрост30 меҳроби31 дилу дида,
Ҷабинаш32 субҳхезонрост рӯзи фатҳу фирӯзӣ33.

Вазн: Баҳри ҳазаҷи мусаммани солим.

Қофия: наврӯзӣ, барафрӯзӣ, зарандӯзӣ…

Луғат:

1. Насим: бӯйи хуш.

2. Чароғи дил: дил ба чароғ монанд шудааст, ҳарчанд бод чароғро хомӯш мекунад, аммо боди хӯшбӯйи баҳорӣ сабаби равшан шудани чароғи дил мешавад.

3. Хурда: хурдаи зар, пули кам, имкони молии маҳдуд, истиора аз хати зардранги мобайни гули сурх аст.

4. Худоро: аз барои Худо, дар баъзе шеваҳои Тоҷикистон «ту дони Худо» мегӯянд.

5. Қорун: тибқи ривояте писархолаи Мусо буд. Дар адабиёти форсии тоҷикӣ рамзи сарвату тавонгарӣ аст. Ривоят мекунанд, ки Қорун кимиёгар буда ва сарвати худро аз кимиёгарӣ ба даст оварда буд. Вай ба сабаби куфру исёнаш ба дини Мусо бо сарватҳояш ба замин фурӯ рафт..

6. Ғалатҳо додан: гумроҳ шудан, хато кардан.

7. Савдои зарандӯзӣ: хаёли молу сарват ҷамъ кардан.

8. Ҷоми гул: мурод ғунча, косабаргҳои гули лола аст, ки боз шудани он булбулро шод мегардонад.

9. Чархи фирӯза: киноя аз осмони фирӯзаранг.

10. Сафир: садо, бонг, овоз.

11. Тахти фирӯзӣ: номи яке аз пардаҳои мусиқӣ аст, яке аз сӣ оҳанги Борбад аст; навиштаанд, ки номи тахти Кайхусрав ҳам будааст.

12. Ғубори ғам: ғам ба ғубор монанд шудааст, ғубори ғам аз доман афшондан: киноя аз бартараф кардани андӯҳу ғам.

13. Хулуд: ҷовидонагӣ ва абадият.

14. Фирӯзаайвон: истиора аз осмон ва ин дунё.

15. Маҷол: имкон, қудрат.

16. Комбахшӣ: яъне, дигаронро ба орзу расонидан, ком: муроду орзу.

17. Тарк: тарк кардан, раҳо кардан.

18. Сухан дар парда гуфтан: киноя аз сарбаставу пӯшида сухан гуфтан.

19. Панҷ рӯзе: киноя аз муддати кам, фасли баҳор, ки дер намепояд ва зуд мегузарад,

20. Ҳукми мири наврӯзӣ — яке аз маросими наврӯзӣ аст, ки барои шодмонии мардум шахсеро ба унвони амири наврӯз интихоб мекарданд ва ин амир монанди подшоҳ дар чанд рӯзи аввали соли нав фармонравоӣ мекард ва бо гузашти наврӯз вақти подшоҳии ӯ ба охир мерасад. Киноя аз кӯтоҳии умр.

21. Қумрӣ: номи паранда.

22. Сӯфӣ: пайрави тариқати тасаввуф, дар шеъри Ҳофиз сӯфӣ мисли зоҳиду воиз даъвогари зуҳду парҳез асту риндону ошиқонро маломат мекунад.

23. Осмон: киноя аз сарнавишт, қазову қадар.

24. Уҷб: ғуруру худписандӣ.

25. Ҳанитар: роҳат, беранҷ, гуворо.

26. Осаф: Осаф ибни Бархиё, вазири пайғамбар Сулаймон, ки ба ҳикмат шуҳрат дорад, дар адабиёти мо ин ном ба сурати лақабе барои вазирони донишманд ба кор рафтааст.

27. Ҷалолӣ: Наврӯзи Ҷалолӣ ин ҷо иҳом дорад: а)Наврӯзи Ҷалолӣ аввали баҳор аст. Мутобиқи тақвиме, ки ҷамъе аз донишмандони замони Ҷалолиддини Маликшоҳи Салҷуқӣ (дар ривояте бо ҳамкории Умари Хайём) танзим карданд ва Наврӯз дар рӯзи аввали бурҷи Ҳамал, яъне, аввали баҳор таъйин шуд. б) Талмеҳе аст ба Ҷалолуддин Туроншоҳ – вазири Шоҳ Шуҷоъ.

28. Туроншоҳ: вазири Шоҳ Шуҷоъ, ки Ҳофиз аз ӯ ба некӣ ёд мекунад.

29. Ҷаноб: остон, даргоҳ,

30. Порсоён: одамони тақводор.

31. Меҳроб: ҷое дар масҷид, ки имон он ҷо намоз мегузорад.

32. Ҷабин: пешонӣ.

33. Фирӯзӣ: пирӯзӣ, ғолиб.

Маънии байти 1: Бӯйи хуши боди баҳорӣ аз кӯйи маъшуқ ба машом мерасад, агар аз ин бод ёрӣ бихоҳӣ, метавонӣ чароғи дилро рӯшан созӣ ва шод гардӣ.

Маънии байти 2: Агар монанди гул симу зар андаке дорӣ, аз барои Худо, онро сарфи шодиву хурсандӣ кун, зеро хаёли пулу мол ва тилоҷамъкунӣ Қорунро гумроҳ сохт.

Маънии байти 3: Булбули ошиқ аз шароби сурхранги гули лола чунон сармасту хуш аст, ки бар авҷи осмони фирӯзаранг оҳанги «Тахти фирӯзӣ»-ро месарояд.

Маънии байти 4: Ба кӯҳу саҳро рав, то ғубори ғаму андӯҳро аз хотират пок кунӣ, ба гулзор биё, то аз булбули ошиқ ғазали ошиқона хонданро биёмӯзӣ.

Маънии байти 5: Эй дил, вақте дар ин дунёи фонӣ имкони абадӣ зистан нест, пас, фурсати айшу шодиро ғанимат дону аз даст мадеҳ.

Маънии байти 6: Роҳи ком бахшидан ба дигарон ва онҳоро ба мурод расонидан чист? Тарки орзу ва аз хостаҳои дили худ гузаштан аст. Кулоҳи сарварию бузургиро бояд аз ин тарки орзуҳои худ дӯхт. Яъне, баровардани ризояти хотири дигарон инсонро ба сарварию бузургӣ мерасонад.

Маънии байти 7: Сухани пӯшидаю сарбаста ба ту мегӯям ва он ин аст, ки монанди гул аз ғунча берун о, яъне, аз танҳоию гӯшанишинӣ берун биё, шукуфо шав ва ба айшу шодӣ бипардоз, зеро фурсати айшу хушии ту монанди фармонравоии мири наврӯзӣ зудгузар аст.

Маънии байти 8: Намедонам, нолаи қумрӣ дар канори ҷӯйборон аз чӣ сабаб аст, шояд монанди ман андӯҳи бепоён дар дил дорад.

Маънии байти 9: Шаробе чун ҷону рӯҳ поку равшан дорам, вале сӯфӣ аз он айб мегирад. Худоё, ҳеч оқилро бахти бад насибу қисмат нашавад.

Бояд зикр кард, ки шароб ин ҷо рамзи хушию хурсандӣ аст ва дар истилоҳи орифон ба маънии ишқ ба кор меравад. Сӯфӣ роҳи расидан ба ҳаққу ҳақиқатро дар зуҳду порсоӣ мебинад, аммо Ҳофиз дар ишқу ошиқию риндӣ.

Маънии байти 10: Эй шамъ, акнун танҳо нишин, ки ёри ширинат аз ту ҷудо шуд, чи бисозӣ ва чи бисӯзӣ, ҳукми илоҳӣ барои ту ҳамин гуна аст.

Бояд зикр кард, ки шамъ аз мум сохта мешавад ва хонаи оруи асал низ аз мум аст, аз ин рӯ, ёри ширини шамъ асал аст, ки аз муми хонааш ҷудо кардаанд. Ин ҷо иҳоме вуҷуд дорад, ки калимаи «ёри Ширин» Ширинбону маҳбубаи Хусрави Парвиз ва дилбурдаи Фарҳоди кӯҳканро ба хотир меоварад.

Маънии байти 11: Бо ғуруру такаббур, ки аз илм пайдо шудааст, набояд аз асбоби шодию хурсандӣ маҳрум шуд. Эй соқӣ, бархезу шароб бидеҳ, то бинӯшему шод гардем, ки рӯзии нодон роҳаттару гуворотар ба даст меояд.

Муроди Ҳофиз дар ин байт аз илм дониши мадрасагист, ки боиси ғуруру такаббури баъзе аз рӯҳониён гаштааст ва аз ин ҷиҳат онро танзомез матраҳ мекунад.

Маънии байти 12: Ба ҳангоми Наврӯзи Ҷалолӣ дар базми Осафи замон, яъне, Ҷалолуддини Туроншоҳ, шароб бинӯш, ки қатрае аз ҷоми шароб ба ҷаҳон шодию нишот хоҳад бахшид.

Маънии байти 13: Танҳо Ҳофиз нест, ки Ҷалолуддини Туроншоҳро мадҳ мегӯяд, ҷаҳониён Туроншоҳро меситоянд ва ба муносибати иди Наврӯз аз ӯ интизори ҳадияҳо ҳастанд.

Маънии байти 14: Даргоҳи Туроншоҳ барои тақводорон меҳроби дилу дида ва дидору ӯ барои соҳибдилони саҳархезе чун Ҳофиз саодату тавфиқ аст.

Хулоса, паёму насиҳати Ҳофиз дар ин ғазал он аст, ки бояд инсон дамро ғанимат шуморад, аз насими Наврӯз баҳра бардорад, зеро ин насим аз кӯйи ёр меояд ва дилро равшан месозад. Ҳар чӣ дорӣ, бихӯру бидеҳ, ҷамъи сарват ғалат асту зиндагӣ даргузар. Хоҳӣ, ки комгор бошиву ба бузургӣ бирасӣ, ба чизу моли дунё дил мабанд ва то тавонӣ муҳтоҷонро ёрӣ расон, то ба орзуяшон бирасанд. Ҳофиз мегӯяд, ки бояд аз ҳар лаҳзаи умр босамар истифода бурд ва онро бо шодию хурсандӣ гузаронд, зеро касе дар ин дунё абадӣ намемонад.