Шарҳи ғазал: «Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ»

Ғазали ҳаҷдаҳум

1. Эй подшаҳи хубон1, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад2, вақт аст, ки бозоӣ!

2. Доим гули ин бустон3 шодоб4 намемонад,
Дарёб заифонро5 дар вақти тавоноӣ6.

3. Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: «Ғалате7, бигзар з-ин фикрати савдоӣ8».

4. Сад боди сабо ин ҷо бо силсила9 мерақсанд,
Ин аст ҳариф10, эй дил, то бод напаймоӣ11.

5. Муштоқию12 маҳҷурӣ13 дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст бихоҳад шуд поёби14 шикебоӣ15.

6. Ё Раб16, ба кӣ шояд гуфт ин нукта17, ки дар олам
Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди18 ҳарҷоӣ?!

7. Соқӣ, чамани гулро бе рӯи ту ранге нест,
Шамшод19 хиромон20 кун, то боғ биёроӣ21.

8. Эй дарди22 туам дармон дар бистари нокомӣ,
В-эй ёди туам мӯнис23 дар гӯшаи танҳоӣ.

9. Дар доираи қисмат24 мо нуқтаи паргорем25,
Лутф, он чи ту андешӣ, ҳукм, он чи ту фармоӣ.

10. Фикри худу ройи26 худ дар олами риндӣ27 нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб худбинию худроӣ.

11. З-ин доираи мино28 хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ29.

12. Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд30, бӯи хуши васл омад,
Шодит31 муборак бод, эй ошиқи шайдоӣ32.

Вазн: Баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраб.

Қофия: танҳоӣ, бозоӣ,тавоноӣ…

Луғат:

1. Подшаҳи хубон: шоҳи зеборӯён, яъне, зеботарин.

2. Ба ҷон омадан: аз зиндагӣ безор шудан, ба ниҳояти тоқату шакебоӣ расидан.

3. Гули ин бӯстон: киноя аз чеҳраи зебои маҳбуба.

4. Шодоб: шукуфон, тару тоза, сабзу хуррам, ҳушҳол.

5. Заифон: дармондагон, бечорагон.

6. Тавоноӣ: пурқудратӣ, ин ҷо пурқудратӣ барои дилбарию дилдорӣ аст.

7. Ғалате: иштибоҳе, яъне ту дар иштибоҳ ҳастӣ.

8. Фикрати савдоӣ: андеша дар ҳолати девонагӣ, яъне фикри хато.

9. Силсила: занҷир, истиора аз зулфи ёр.

10. Ҳариф: ёр, ҳамнишин, ҳамсуҳбат.

11. Бод паймудан: киноя аз кори беҳуда кардан.

12. Муштоқӣ: иштиёқманд, шавқманд, орзуманд, сахт моил ба чизе.

13. Маҳҷурӣ: ҷудоӣ, дурӣ.

14. Поёб: охири об, маҷозан истодагарӣ, муқовимат, тобу тавон.

15. Шакебоӣ: сабру тоқат доштан.

16. Ё Раб: эй Худо.

17. Нукта: сухани наву дақиқу борик, мазмуни нағзу латиф.

18. Шоҳид: зебочеҳра.

19. Шамшод: номи дарахти ҳамешасабз, истиора аз қади зебо ва баланди маҳбуба.

20. Хиромон: бо нозу карашма роҳ рафтан, чамидан.

21. Боғ биёроӣ: боғро ороиш додан.

22. Дард: ин ҷо ба маънии ғам омадааст, яъне ғами ишқи ёр ғамхори маъшуқ аст.

23. Мӯнис: ғамхор, ҳамдард.

24. Доираи қисмат: сарнавишт ба доира монанд шудааст.

25. Нуқтаи паргор: нуқтаи даруни доира, ки бо паргор ҳангоми доиракашӣ пайдо мешавад, мурод дар миёна будан.

26. Рой: фикр, андеша.

27. Олами риндӣ: олами раҳоию озодӣ, олами ошиқӣ.

28. Доираи мино: доираи шишаӣ, истиора аз осмон.

29. Соғари миноӣ: ҷоми шишагии шароб.

30. Шуд: рафт, тамомшуд, сипарӣ шуд, чунончи, Рӯдакӣ мегӯяд: Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд…

31. Шодит: шодият

32. Ошиқи шайдоӣ: ошиқе, ки ба ҳадди девонагӣ расидааст.

Маънии байти 1: Эй зеботарини зебоҳо, эй шоҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ, дили ман бе ту аз зиндагӣ безор шуд, фурсати он расида, ки боз оиву ин ошиқи бечораро мӯнис бошӣ.

Маънии байти 2: Эй ёри бевафо, ин чеҳраи зебо дар бӯстони вуҷуди ту ҳамеша ботароват намемонад, ҳангоми тавоноию забардастӣ дасти ошиқони бечораву дармондаро гир ва онҳоро дилдорӣ намо.

Маънии байти 3: Шаби гузашта бо боди сабо, ки ба кӯйи маъшуқа гузар дорад, аз бевафоии дилбар шикоят кардам. Бод гуфт: Эй ошиқи шӯрида, аз ин фикри хатоят даст каш, ки дар иштибоҳ ҳастӣ, ҳеч вақт интизори вафову меҳрубонӣ аз хубрӯён мабош.

Маънии байти 4: Боди сабо соҳибихтиёр нест, зеро зулфи маъшуқа ӯро ҳам гирифтор кардааст, мерақсад, аммо занҷири зулф дар пойи ӯст. Эй дил, ҳамнишинӣ бо дӯст чунин аст, ҳушёр бош, то кори беҳудае накунӣ.

Маънии байти 5: Эй ёри нозинин, шавқи дидори ту ва ғами ҷудоӣ аз ту маро ба ҳоле овард, ки дигар тоқати дурӣ надорам.

Маънии байти 6: Худоё, ин суханро бо чӣ касе метавонам бигӯям, то маро фаҳмида тавонад? Он маъшуқа ҳама ҷо ҳозиру нозир аст, аммо ҳеч кас чеҳраи ӯро дидан наметавонад.

Маънии байти 7: Эй соқии базми ошиқон, гулзори бӯстон бе ҳузури ту ҳеч рангу бӯе надораду тараб намебахшад, хиромон ба ин бӯстон биё, то боғ бо қади шамшоди ту ороста гардад.

Маънии байти 8: Эй маҳбубаи бевафо, бидон, ки дарди ишқи ту дармони нокомию номуродии ман асту ёди ту ғамхору мӯниси танҳоиям мебошад. Камоли Хуҷандӣ ба ҳамин маънӣ мегӯяд:

Вой бар ҳоли ман аз бекасию танҳоӣ,
Гар набудӣ ғами ӯ мӯнису ғамхораи ман.

Маънии байти 9: Дар доираи сарнавишт мо монанди нуқтаи паргор тобеи фармони ту ҳастем, ба ҳар он чӣ ту дар тақдири мо навиштаӣ ва ҳар ҳукме, ки бидиҳӣ, розӣ ва хушнудем.

Маънии байти 10: Дар тариқати риндӣ касе андешаи худбинию худроӣ надорад, зеро дар мазҳаби риндони ошиқ худбинию худроӣ куфру беимонӣ аст.

Маънии байти 11: Эй соқӣ, аз гардиши чархи фалак — ин осмони кабуд сахт ғамгинам, ҷоми шаробам деҳ, то бо ин соғари миноӣ, ки иксири ҳаёт аст, мушкилотамро ҳал кунам.

Маънии байти 12: Эй Ҳофиз, шаби ҳиҷрон аз ёри нозанин тамом шуду бӯйи дилпазири висол ба машоми ҷон мерасад, эй ошиқи беқарор, шодии висол бар ту муборак бод!