ШИКОЯТ АЗ ПИРӢ

1. Маро бисуду1 фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло2, бал3 чароғи тобон4 буд.

2. Сапеди симзада5 буду дурру6 марҷон7 буд,
Ситораи саҳарӣ8 буду қатраборон9 буд!

3. Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,
Чӣ наҳс10 буд, ҳамоно ки наҳси Кайвон11 буд!

4. На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз12,
Чӣ буд? Ман-т13 бигӯям: қазои Яздон14 буд.

5. Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирду гардон15 аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирдгардон буд.

6. Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад
Ва боз дард, ҳамон к-аз нахуст дармон буд.

7. Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне, ҳамон ки хулқон16 буд.

8. Басо шикаста17 биёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.

9. Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯйи ғолиямӯй18,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон19 буд?!

10. Ба зулфи чавгон20 нозиш21 ҳамекунӣ ту бад-ӯ,
Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулф чавгон буд.

11. Шуд22 он замона, ки рӯяш ба сони дебо23 буд,
Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон24 буд!

12. Чунонки хубӣ25 меҳмону дӯст буд азиз,
Бишуд, ки бознаёмад, азиз меҳмон буд.

13. Басо нигор,26 ки ҳайрон будӣ бад-ӯ -дар чашм,
Ба рӯйи ӯ-дар чашмам ҳамеша ҳайрон буд.

14. Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд,
Нишоти ӯ ба фузун буду ғам ба нуқсон27 буд.

15. Ҳамехариду ҳамесахт28 бешумор дирам29,
Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки30 норпистон буд.

16. Басо канизаки некӯ31, ки майл дошт бад-ӯ,
Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд.

17. Ба рӯз чунки наёрист32 шуд ба дидани ӯ,
Ниҳеби33 хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.

18. Набиди34 равшану35 овози хубу рӯйи латиф36
Куҷо гарон37 буд, зӣ ман ҳамеша арзон буд.

19. Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарох38 майдон буд.

20. Дилам хизонаи39 пурганҷ буду ганҷ сухан,
Нишони40 номаи41 мо меҳру шеър унвон42 буд.

21. Басо дило, ки ба сони ҳарир43 карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

22. Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.

23. Аёл44 не, зану фарзанд не, маъунат45 не,
Аз ин ҳама танам осуда буду осон буд.

24. Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, кунун бинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки инчунинон46 буд.

25. Бад-он замона надидӣ, ки зӣ чаман рафтӣ,
Сурудгӯён, гуфтӣ, ҳазордастон47 буд!

26. Шуд он замона, ки ӯ унси48 родмардон49 буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори50 мирон буд.

27. Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон51 аст,
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд52.

28. Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт53,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

29. Куҷо54 ба гетӣ будаст номвар деҳқон55,
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон56 буд.

30. Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи оли57 Сомон буд.

31. Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,
Дар ӯ фузунии якпанҷи мири Мокон58 буд.

32. В-аз авлиёш59 пароканда низ ҳашт ҳазор
Ба ман расид, бад -он вақт ҳол чунон буд!

33. Чу мир дид сухан, дод доди60 мардии хеш,
Зи авлиёш чунон к-аз амир фармон буд.

34. Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон61 буд62.

ВАЗН: муҷтасси мусаммани махбуни аслам (мафоилун фаилотун мафоилун фаълун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: дандон, тобон, борон, Кайвон…

РАДИФ: буд.

Луғат:

1. Бисуд: аз масдари «судан», сойида шуду аз ҳам рехт.

2. Ло: не.

3. Бал: балки.

4. Сим: нуқра.

5. Зада: саф, қатор, раста.

6. Дур(р): марворид.

7. Марҷон: манзури шоир марвориди хурд аст.

8. Ситораи саҳарӣ: ситораи Зӯҳра, ки субҳгоҳон дурахшида сурхранг намоён мешавад.

9. Қатраборон: дандон аз ҷиҳати ранг ба қатраи борон ташбеҳ шудааст.

10. Наҳс: бадбахтӣ, шум, бехосият.

11. Кайвон: Зуҳал, дар ситорашиносии қадим ҳафтумин фалак маҳсуб мешавад ва онро наҳси акбар медонистаанд. Шоир сабаби рехтани дандонҳояшро аз шумии ситораи Зуҳал медонад.

12. Рӯзгори дароз: умри дарозу тӯлонӣ.

13. Ман-т: ман барои ту, ман туро.

14. Қазои Яздон: ҳукм, ирода ва фармони Худованд.

15. Гардон: гарданда, тағйирёбанда. (Мисраи аввали ин байт ба шакли зайл низ омадааст: Ҷаҳон ҳамеша чунин аст гирдгардон аст).

16. Хулқон: ҷамъи халақ, куҳна, фарсуда.

17. Шикаста: ноҳамвор.

18. Ғолиямӯй: дорои мӯйи сиёҳу хушбӯй.

19. Сомон: низому ороиш.

20. Зулфи чавгон: зулф ба сабаби каҷ буданаш ба чавгон ташбеҳ шудааст, яъне зулфи каҷ. Чавгон: аз калимаи чӯб (ба паҳлавӣ 20 чӯп ва гон пасванди нисбат) сохта шудааст. Чавгон як бозии мардуми эронитабор аст ва чавгон чӯби махсуси ин бозӣ буда, дар шеъри мо мушаббаҳ ба зулфи ёр қарор гирифтааст.

21. Нозиш: ноз кардан, фахр кардан.

22. Шуд: гузашт, сипарӣ шуд.

23. Дебо: Ҳарир, порчаи абрешими нарму латиф.

24. Қатрон: равғани сиёҳранг, манзур ранги сиёҳи он аст.

25. Хубӣ: ҷамолу зебоӣ. Дар ин байт санъати ташхис ба кор рафта ва ба зебоӣ шахсият додашудааст.

26. Нигор: бут, маъшуқ, зеборӯй.

27. Нуқсон: камшавӣ, таназзул, коста, кам.

28. Ҳамесахт: аз масдари «сахтан», баҳо додан, пардохтани арзиш ва қимати чизе, сарф кардан, харҷ намудан.

29. Дирам: пули нуқрагӣ.

30. Турк: зебо, соҳибҷамол, турки норпистон киноя аз канизак ё маҳбубаи соҳибҷамол.

31. Некӯ: зебо, соҳибҷамол, хушахлоқ.

32. Наёрист: аз масдари «ёристан», ёро надоштан, ҷуръат накардан, натавонистан.

33. Ниҳеб: тарс, бим, ваҳм.

34. Набид: шароби хурмо, май. Дар асл набиз будааст. Ибни Манзур менависад: «Набиз аз набаза ба маънии андохтан ва афкандан аст ва чун ангурро дар зарфе меандозанд, то шароб шавад, ба он набиз (афканда) гӯянд, хамри фушурда аз ангурро набиз гӯянд». Муҳаммад Муъин бар он аст, ки набиз аз порсии бостон «нипито» ба маънои машруб гирифта шудааст. Яъне, дар асл арабӣ нест. Набиз аз оғози шеъри дарӣ ба кор рафтааст.

35. Равшан: шаффоф, пок, набиди равшан: шароби софу пок, майи беғаш.

36. Латиф: нозук, нарм, хушнамо, рӯи латиф: рухсораи базеб, рӯйи зебо, ҷамоли неку.

37. Гарон: пурқимат, баланднарх, зидди арзон.

38. Фарох: васеъ, густарда, фарохмайдон: ҷойи фароҳ, майдони васеъ.

39. Хизона: хазина, ҷойи нигаҳ доштани пул ва ҷавоҳирот.

40. Нишон: аломат, аломати фарқкунанда, асар, нишона.

41. Нома: китоб, саҳифа, дар ин ҷо мурод дафтари шеър.

42. Унвон: дебоча, сарлавҳаи нома.

43. Ҳарир: матои абрешимӣ, ки нарму латиф аст, ба сони ҳарир кардан мурод мулоим ва нарм кардан.

44. Аёл: ойила, зану фарзанд, касоне, ки дар нафақаи мард бошанд.

45. Маъунат: харҷ, ранҷу меҳнат, ёрӣ.

46. Инчунинон: чунину чунон, таъкиди байти қаблӣ аст.

47. Ҳазордастон: киноя аз булбул, андалеб.

48. Унс: анисӣ, ошноӣ, улфат.

49. Родмард: марди сахӣ, донишманд, сухандон, сухансанҷ.

50. Пешкор: коргузор, мубошир, мушовир.

51. Девон: дафтар.

52. Буд: хоҳад буд, дар ин ҷо ба маънии оянда ба кор рафтааст.

53. Дар баъзе нусхаҳо ба ҷойи бинвашт «бишнуфт» ва «бинвишт» омада, ки ҳама ба як маънист, яъне, дар ҳама ҷаҳон маъруфу машҳур шуд.

54. Куҷо: ҳар ҷо.

55. Деҳқон: молики замин, заминдор, деҳхудо, меҳтарнажоди аҷамӣ.

56. Ҳумлон: ҳайвони боркаш, маркаб, музд.

57. Ол: насл, авлод, хонадон, қабила, ин калима дар мавриди хонадонҳои бузург ба кор меравад, монанди Оли Сосон, Оли Сомон, Оли Иброҳим ва ғайра.

58. Мокон: яке аз амирон, ки тобеи Сомониён буд.

59. Авлиё: ҷамъи валӣ, бузургон, мансабдорон, аъёну ашроф, ҳамчунин ба маънии дӯстону ёрон.

60. Дод: адлу инсоф, доди мардӣ додан: ҷавонмардӣ кардан, инсофу мурувват кардан.

61. Анбон: халтаи чармии сафарӣ, саноч, асову анбон мурод бечорагию бенавоӣ.

62. Буд: ин ҷо ба маънии шуд ба кор рафтааст, дар забони паҳлавӣ буд ба маънии шуд ба кор мерафт.

Маънии байти 1: Дандонҳои ман, ки монанди чароғи равшан медурахшиданд, ҳама соида шуданду рехтанд. (Дар мисраи дуюм дандон аз ҷиҳати дурахшандагӣ ба чароғи тобон ташбеҳ шудааст).

Маънии байти 2: Сафедии дандонҳои ман чун радаи нуқраву дурру марворид ҷило медоданду монанди ситораи саҳарӣ медурахшиданд ва ранги қатраи боронро доштанд. (Дар ин байт шоир дандонҳояшро аз назари софию дурахшандагӣ ва сафедию шафоффият ба радаи нуқра, марвориду марҷон ва ситораи саҳарию қатароти борон ташбеҳ кардааст).

Маънии байти 3: Аз он дандонҳои пурбаҳои ман якто ҳам намонд, ҳамааш суда шуду рехт. Ин чӣ бадбахтӣ буд? Шояд аз шумии ситораи Зуҳал бошад?

Маънии байти 4: Не, балки наҳсии ситораи Зуҳал буду на умри дароз. Пас, чӣ буд? Ман ба ту бигӯям, ки иродаи Худованд буд. Шоир аз фикр аввалаш бармегардад ва сабаби рехтани дандонҳояшро на аз наҳсии ситораи Зуҳал ва на аз гузаштани умри дароз, балки ба иродаи Худованд марбут медонад.

Маънии байти 5: Ҷаҳон монанди чашм мудаввар ва ҳамеша дар гардишу тағйиру таҳаввул аст. Аз он вақт ки офарида шуд, то он гоҳ ки вуҷуд дорад, ойини ин чархи мудаввар ҳамеша гардишу тағйири аҳвол аст ва онро қароре нест.

Маънии байти 6: Ҳар он чи дар ин ҷаҳон мояи дармони одамист, муддате баъд боиси дард хоҳад шуд. Мисраи дувум такрор ва таъкиди мисраи аввал аст.

Маънии байти 7: Кори ҷаҳон баръакс аст, бад-ин сурат, ки чизе, ки наву тоза аст, муддате баъд онро куҳнаву фарсуда мекунад ва баръакс, чизе, ки куҳнаву фарсуда аст, баъд аз муддате онро тозаву нав мегардонад.

Маънии байти 8: Чи бисёр биёбонҳои ноҳамворе ҳастанд, ки замоне боғҳои хуррам буданд ва баръакс, боғҳои ободе, ки имрӯз вуҷуд доранд, дар гузашта биёбонҳои беобугиёҳ буданд.

Маънии байти 9: Ту, эй моҳрӯйи ғолиямӯй, аз куҷо донӣ, ки ҳоли ман дар ҷавонӣ чӣ гуна буд?

Маънии байти 10: Бо зулфони пурпечутобу каҷат, ки имрӯз ба ӯ ноз мекунӣ, набудию надидаӣ, ки ӯро мӯйҳои чавгоносо каҷу дароз дошт?

Маънии байти 11: Гузашту сипарӣ шуд он айём, ки рӯяш ба монанди абрешим мулоиму латиф ва мӯйҳои чун қатрон сиёҳ дошт.

Маънии байти 12: Ҷамолу зебоӣ монанди дӯст ва меҳмони азизи ман буд, ки аз назди ман бирафт ва дигар барнагашт.

Маънии байти 13: Чи бисёр зеборӯёне, ки чашмҳо ҳайрони зебоии онҳо буданд ва чашми ман низ ба рӯйи онҳо ҳайрон буд, яъне, ҳамеша он зеборӯён дар назди ман буданд.

Маънии байти 14: Замонишодию хурсандии ӯ гузашт, замоне, ки нишоти фаровон дошту ғами андак, яъне, ҳеч ғам надошт, сипарӣ шуд.

Маънии байти 15: Барои зебочеҳрагон ӯ маблағи бисёр харҷ мекард, ҳар гоҳ, ки ба шаҳр канизони зебо барои фурӯш меоварданд, мехарид.

Маънии байти 16: Зеборӯёни зиёде ба ӯ майл доштанд ва шаб барои дидану ҳамдами ӯ шудан меомаданд.

Маънии байти 17: Ин канизони зеборӯй рӯзона ҷуръат намекарданд, ки ба дидани ӯ биёянд, зеро аз хоҷагонашон метарсиданду аз зиндон андеша мекарданд.

Маънии байти 18: Шароби софи гаронбаҳо, овози хушу рӯйи зебо, агар барои дигарон дастрас набуд, барои ман ҳамеша муҳайё буд.

Маънии байти 19: Дили ман хизонаи пурганҷ буд ва ин ганҷ сухан, шеърҳои ман ва ба ҳар дӯсте, ки мерасид, бо ин аломат, яъне, меҳру муҳаббат, ки даршеър баён шуда, маро мешинохт.

Маънии байти 20: Ҳамеша шод будам ва ғамро намедонистам, ки чист, майдони шодию хурсандӣ барои ман хеле васеъ буд.

Маънии байти 21: Бисёр касоне, ки дилҳои онҳо монанди сангу сандон сахт буду ба мардум зулм мекарданд, бо шеърам дилашонро ба сони ҳарир нарму латиф ва ба адлу адолат раҳнамун кардам.

Маънии байти 22: Ман ҳамеша ба зеборӯён нигоҳ мекардаму бо онҳо будам ва пайваста ба мардуми сухандон, олимон шинухез (нишасту хост) доштаму гӯш ба суханони онҳо медодам.

Маънии байти 23: На зану фарзанд доштам, на ранҷу азоб ва на касе ба ёрии ман муҳтоҷ буд ва аз ин ҳама вобастагӣ озоду осуда будам.

Маънии байти 24: Эй зебосанами нозанин, ту имрӯз Рӯдакиро пиру фартут мебинӣ, дар он замони ҷавониаш надидӣ, ки чунину чунон буд.

Маънии байти 25: Дар он айём надидӣ, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дошт ва шеър мегуфту чун булбул суруд мехонд ва ҳама волаву шайдояш буданд.

Маънии байти 26: Гузашт он замона, ки ӯ ҳамнишини мардумони сухандону саховатманд буд, сипарӣ шуд он рӯзгор, ки ӯ маслиҳатгару мушовири амирон буд.

Маънии байти 27: Дафтари шеъри ӯ ҳамеша дар назди шоҳон буду ҳаст ва ҷовидон хоҳад буд, зеро ҳар як амиру ҳоким ва ё роҳбар, ки ба сухан қадр мениҳад, шеъри вайро мехонад ва панду андарзашро сармашқи зиндагии худ қарор медиҳад.

Маънии байти 28: Гузашт он замона, ки ӯ шеър мегуфту ҷаҳониён аз вай истиқбол мекарданд, ва он айём, ки ӯ бузургтарин шоири Хуросон буд сипарӣ шуд.

Маънии байти 29: Деҳқонон, яъне, ашрофон, меҳтарнажодони форсзабон дар силаишеърам баман ҳам симва ҳаммаркабмедоданд.

Маънии байти 30: Ҳар киро бузургию мақом ва сарвату неъмат аз ину он бошад, вай (Рӯдакӣ)-ро бузургию молу сарват аз амирони Сомонӣ буд.

Маънии байти 31: Амири Хуросон барои шеъри баланди ман чиҳил ҳазор дирам подош дод, илова бар ин, ба пайравӣ аз ӯ мири Мокон низ аз панҷ як ҳиссаи силаи амир (яъне, ҳашт ҳазор дирам) инъом кард.

Маънии байти 32: Аъёну ашроф, ки ёрону дӯстони амиранд, низ ба сурати пароканда ҳашт ҳазор дирам ба ман сила доданд, ки дар он айём зиндагии хеле хуб доштам.

Маънии байти 33: Вақте амир сухан ва шеъри маро дид, ҳаққи инсоф ва мардонагиро ба ҷо овард, яъне, мукофоти мувофиқ дод ва ёрони ӯ низ ба дастури вай ба ман инъом бахшиданд.

Маънии байти 34: Акнун авзои рӯзгори ман дигаргун шудааст ва тиҳидастӣ бар он медорад, ки асову анбон ба дӯш бигирам.