Ширин даҳони он бути айёр бингаред

292

Ширин даҳони он бути айёр бингаред,
Дур дар миёни лаъли шакарбор бингаред.

Бустони оразаш, ки тамошогаҳи дил аст,
Бар наргису бунафшаву гулнор бингаред.

Аз мо ба як назар биситонад ҳазор дил,
Ин обрӯю равнақи бозор бингаред.

Сунбул нишонда бар гули сурӣ, нигаҳ кунед,
Анбар фишонда гирди суманзор, бингаред.

Имрӯз рӯи ёр басе хубтар зи дист,
Имсол кори ман батар аз пор, бингаред.

Дар аҳди шоҳи одил агар фитна нодир аст,
Ин чашми масту фитнаи хунхор бингаред.

Гуфтор бишнаведашу донам, ки худ зи кибр
Бо кас сухан нагӯяд, рафтор бингаред.

Он дам, ки ҷаъди зулфи парешон барафканад,
Сад дил ба зери турраи таррор бингаред.

Ганҷест дурҷи дурри ақиқини он писар,
Болои ганҷ ҳалқазада мор бингаред.

Чашмаш ба теғи ғамзаи хунхори хиракуш
Шаҳре гирифт, қуввати бемор бингаред.

Оташкада-ст ботини Саъдӣ зи сӯзи ишқ,
Сӯзе ки дар дил аст, дар ашъор бингаред.

Дӣ гуфт: «Саъдиё, ман аз они туам» ба танз,
Ин ишваи дурӯғ дигар бор бингаред.