Шодию талхии зиндагӣ

Ҳеч шодӣ нест андар1 ин ҷаҳон
Бартар2 аз дидори рӯйи дӯстон!
Ҳеч талхӣ нест бар дилталхтар
Аз фироқи3 дӯстони пурҳунар!

ВАЗН: Рамали мусаммани маҳзуф (фоилотун фоилотун фоилун).

Луғат:

1. Андар: дар.

2. Бартар: болотар, беҳтар.

3. Фироқ: дурӣ, ҷудоӣ.

Маънии қитъа: Дар ин ҷаҳони гузарон беҳтарин нишоту лаззати зиндагӣ дидори дӯстони ҳамдилу ҳамнишинӣ бо онҳост ва бадтарин бадбахтӣ дар зиндагӣ барои инсон, ки аз заҳр ҳам талхтар аст, ҷудоӣ аз дӯстони ҳунарманду меҳрубон аст.