Шодӣ ба рӯзгори гадоёни кӯи дӯст

106

Шодӣ ба рӯзгори гадоёни кӯи дӯст,
Бар хоки раҳ нишаста ба уммеди рӯи дӯст.

Гуфтам, ба гӯшае бинишинам, вале дилам
Наншинад аз кашидани хотир ба сӯи дӯст.

Сабрам зи рӯи дӯст муяссар намешавад,
Донӣ, тариқ чист? Таҳаммул зи хӯи дӯст.

Ночор ҳар кӣ дил ба ғами рӯи дӯст дод,
Кораш ба ҳам баромада бошад чу мӯи дӯст.

Хотир ба боғ меравадам рӯзи навбаҳор,
То бо дарахти гул бинишинам ба бӯи дӯст.

Фардо, ки хоки мурда ба ҳашр одамӣ кунанд,
Эй бод, хоки ман маталаб ҷуз ба кӯи дӯст.

Саъдӣ чароғ менакунад1 дар шаби фироқ,
Тарсад, ки дида боз кунад ҷуз ба рӯи дӯст.


1 Намеафрӯзад, равшан намекунад.