Шоири навовар

К-аз шоирон наванд манаму навгувора1,
Як байти парниён2 кунам аз санги хора.

Луғат:

1. Навгувора: оне, ки чизи нав мегуморад, ба тасвир меоварад, навовар.

2. Байти парниён: байти олӣ, пурмазмун ва дорои тасвироти олии шоирона.

Маънии фард: Аз шоироне, ки имрӯз ба майдони адабиёт қадам ниҳодаанд, ман шоири навовар ҳастам ва байтҳои латифу олии ман дар дили мардуми суханпарвар монанди нақш дар санги хоро ҷой гирифта, ки ҷовидон зинда мемонанд.