Шуд арсаи замин чу бисоти Ирам ҷавон

Қасидаи шумораи 1 — ДАР МАДҲИ ШОҲ ШУҶОЪ

Шуд арсаи замин чу бисоти Ирам ҷавон
Аз партави саодати шоҳи ҷаҳониён.

Хоқони шарқу ғарб, ки дар шарқу ғарб ӯст
Соҳибқирони хусраву шоҳи худойгон.

Хуршеди мулкпарвару султони додгар,
Дорои додгустару Кисрои кайнишон.

Султоннишони арсаи иқлими салтанат,
Болонишини маснади айвони ломакон.

Аъзамҷалоли давлату дин, он ки рифъаташ
Дорад ҳамеша тавсани айём зери рон.

Дорои даҳр – Шоҳ Шуҷоъ – офтоби мулк,
Хоқони комгору шаҳаншоҳи навҷавон.

Моҳе, ки шуд ба талъаташ афрохта замин,
Шоҳе, ки шуд ба ҳимматаш афрохта замон.

Симурғи ваҳмро набувад қуввати уруҷ,
Он ҷо, ки бози ҳиммати ӯ созад ошён.

Гар дар хаёли чарх фитад акси теғи ӯ,
Аз якдигар ҷудо шавад аҷзои тавъамон.

Ҳукмаш равон чу бод дар атрофи барру баҳр,
Меҳраш ниҳон чу рӯҳ дар аъзои инсу ҷон.

Эй сурати ту мулки ҷамолу ҷамоли мулк
В-эй талъати ту ҷони ҷаҳону ҷаҳони ҷон.

Тахти ту рашки маснади Ҷамшеду Кайқубод,
Тоҷи ту ғабни афсари Дорову Ардавон.

Ту офтоби мулкию ҳар ҷо, ки меравӣ,
Чун соя аз қафои ту давлат бувад давон.

Аркон напарварад чу ту гавҳар ба ҳеч қарн,
Гардун наёварад чу ту ахтар ба сад қирон.

Бе талъати ту ҷон нагарояд бо колбад,
Бе талъати ту мағз набандад дар устухон.

Ҳар донише, ки дар дили дафтар наёмадаст,
Дорад чу об хомаи ту бар сари забон.

Дасти туро ба абр кӣ ёрад шабеҳ кард,
Чун бадра-бадра ин диҳаду қатра-қатра он?

Бо пояи ҷалоли ту афлок поймол,
В-аз дасти баҳри ҷуди ту дар даҳр достон.

Бар чархи илм моҳию бар фарқи мулк тоҷ,
Шаръ аз ту дар ҳимояту дин аз ту дар амон.

Эй хусрави манеъҷаноби рафеъқадр
В-эй довари азиммисоли рафеъшон!

Илм аз ту дар ҳимояту ақл аз ту бошукӯҳ,
Дар чашми фазл нурию дар ҷисми мулк ҷон.

Эй офтоби мулк, ки дар ҷанби ҳимматат
Чун зарраи ҳақир бувад ганҷи шойгон.

Дар ҷанби баҳри ҷуди ту аз зарра камтар аст
Сад ганҷи шойгон, ки бибахшӣ ба ройгон.

Исмат ниҳуфта рух ба саропардаат муқим,
Давлат кушода рахти бақо зери кандулон.

Гардун барои хаймаи хуршедфулкаат
Аз кӯҳу абр сохта позеру соябон.

В-ин атласи муқарнаси зардӯзи зарнигор
Чатри баланд бар сари хиргоҳи хеш дон.

Баъд аз Каён ба мулки Сулаймон надод кас,
Ин созу ин хазинаву ин лашкари гарон.

Будӣ даруни гулшану аз пурдилони ту
Дар Ҳинд буд ғулғулу дар Занг буд фиғон.

Дар дашти Рум хайма задию ғиреви кӯс
Аз дашти Рум рафт ба саҳрои Систон.

То қасри зард тохтию ларза уфтод
Дар қасрҳои қайсару дар хонаҳои хон.

Он кист, к-ӯ ба мулк кунад бо ту ҳамсарӣ
Аз Миср то ба Руму зи Чин то ба Қайрувон?

Соли дигар зи қайсарат аз Рум боҷи сар,
В-аз Чинат оваранд ба даргаҳ хироҷи ҷон.

Ту шокирӣ зи Холиқу халқ аз ту шокиранд,
Ту шодмон ба давлату мулк аз ту шодмон.

Инак ба тарфи гулшану бустон ҳамеравӣ
Бо бандагон саманди саодат ба зери рон.

Эй мулҳаме, ки дар сафи каррубиёни қудс
Файзе расад ба хотири покат замон-замон.

Эй ошкор пеши дилат, ҳар чӣ Кирдгор
Дорад ҳаме ба пардаи ғайб-андарун ниҳон.

Дода фалак инони иродат ба дасти ту,
Яъне, ки маркабам ба муроди худам бирон.

Гар кӯшишет афтад, пар додаам ба тир,
В-ар бахшишет бояд, зар додаам ба кон.

Хасмат куҷост? Дар кафи пои худаш фиган,
Ёри ту кист? Бар сари чашми манаш нишон!

Ҳам коми ман ба хидмати ту гашта мунтазам,
Ҳам номи ман ба мидҳати ту гашта ҷовидон.