Шунидам, гусфандеро бузурге

Шунидам, гусфандеро бузурге
Раҳонид аз даҳону чанги гурге,

Шабонгаҳ корд бар ҳалқаш бимолид,
Равони гӯсфанд аз вай бинолид,

Ки аз чанголи гургам даррабудӣ,
Чу дидам оқибат, гургам ту будӣ.