Шӯрбахтон ба орзу хоҳанд

Шӯрбахтон ба орзу хоҳанд
Муқбилонро заволи неъмату ҷоҳ.

Гар набинад ба рӯз шаппара чашм,
Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?

Рост хоҳӣ, ҳазор чашми чунон
Кӯр беҳтар, ки офтоби сиёҳ.