Эй бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм

Эй бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм,
В-аз ҳар чӣ гуфтаанду шунидему хондаем.
Маҷлис тамом гашту ба охир расид умр,
Мо ҳамчунон дар аввали васфи Ту мондаем.

Парвардигоро, Ту аз тамоми он хаёлу муқоисаю гумону воҳимаҳои (тасаввуроти) мо болотар ҳастӣ, (яъне, мо Худовандро бо ҳар чизе муқоиса накунем ва ҳар гунае, ки тасаввуру гумон накунем, Худованд аз он ҳам бузургтару болотар аст ва ақлу забони инсон дар дарку баёни сифатҳои Ӯ оҷиз мебошад.) Гарчӣ дар кори шинохту васфи Ту ҳазорон дарсу маҳфилу маҷлис ба поён расид ва умри мо ҳам дар васфу баёни чигунагии Ту гузашт, аммо мебинем, ки мо ҳанӯз ҳам дар аввали васфи Ту мебошем, (яъне умру тавоноии одамӣ барои васфу баёни ҳамаи сифату некӯиҳои Худованд кофӣ нест, зеро дарёи неъмату қудрату сифатҳои Ӯ бекарон аст.)