Эй барқ, агар ба гӯшаи он бом бигзарӣ

543

Эй барқ, агар ба гӯшаи он бом бигзарӣ,
Он ҷо ки бод заҳра надорад, хабар барӣ.

Эй мурғ, агар парӣ ба сари кӯи он санам,
Пайғоми дӯстон бирасонӣ бад-он парӣ.

Он муштарихисол гар аз мо ҳикояте
Пурсад, ҷавоб деҳ, ки ба ҷонанд муштарӣ.

Гӯ, ташнагони бодияро ҷон ба лаб расид,
Ту хуфта дар каҷова ба хоби хуш-андарӣ.

Эй моҳрӯи ҳозири ғоиб, ки пеши дил
Як рӯз нагзарад, ки ту сад бор нагзарӣ.

Донӣ чӣ меравад ба сари мо зи дасти ту,
То худ ба пои хеш биёию бингарӣ.

Боз ой, к-аз сабурию дурӣ бисӯхтем,
Эй ғоиб аз назар, ки ба маънӣ баробарӣ.

Ё дил ба мо диҳӣ, чу дили мо ба дасти туст,
Ё меҳри хештан зи дили мо бадар барӣ.

То худ буруни парда ҳикоят куҷо расад,
Чун аз даруни парда чунин парда медарӣ?

Саъдӣ, ту кистӣ, ки дами дӯстӣ занӣ?
Даъвии бандагӣ куну иқрори чокарӣ.