Эй ба хулқ аз ҷаҳониён мумтоз

310

Эй ба хулқ аз ҷаҳониён мумтоз,
Чашми халқе ба рӯи хуби ту боз.

Лозим аст, он ки дорад ин ҳама лутф,
Ки таҳаммул кунандаш ин ҳама ноз.

Эй ба ишқи дарахти болоят
Мурғи ҷони рамида дар парвоз.

Он на соҳибназар бувад, ки кунад
Аз чунин рӯй дар ба рӯй фароз1.

Бихурам, гар зи дасти туст, набид,
Накунам, гар хилофи туст, намоз.

Гар бигирям чу шамъ, маъзурам,
Кас нагӯяд, дар оташам магдоз.

Менагуфтам сухан дар оташи ишқ,
То нагуфт оби дидаи ғаммоз2.

Обу оташ хилофи якдигаранд,
Нашунидем ишқу сабр анбоз3.

Ҳар кӣ дидори дӯст металабад,
Дӯстиро ҳақиқат асту маҷоз.

Орзуманди Каъбаро шарт аст,
Ки таҳаммул кунад нишебу фароз.

Саъдиё, зинда ошиқе бошад,
Ки бимирад бар остони ниёз.


1 Баста.
2 Суханчин.
3 Шарик.