Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ

533

Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,
Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ.

Бар бӯстон гузаштӣ ё дар биҳишт будӣ,
Шод омадию хуррам, фархундабахт бодӣ1!

То ман дар ин сароям, ин дар надида будам,
К-имрӯз пеши чашмам дар бӯстон кушодӣ.

Чун гул раванду оянд ин дилбарону хубон,
Ту дар баробари ман чун сарв бистодӣ.

Эдун ки менамояд дар рӯзгори ҳуснат,
Бас фитнаҳо бизояд, ту-фитна, аз кӣ зодӣ?

Аввал чароғ будӣ, оҳиста шамъ гаштӣ,
Осон фаро гирифтам, дар хирман уфтодӣ.

Хоҳам, ки бомдоде берун равӣ ба саҳро,
То бӯстон бирезад гулҳои бомдодӣ.

Ёре ки бо қарине улфат гирифта бошад,
Ҳар вақт ёдаш ояд, ту ҳар нафас ба ёдӣ.

Гар дар ғамат бимирам, шодӣ ба рӯзгорат,
Пайваста некувонро ғам хурдаанду шодӣ.

Ҷое ки доғ гирад, дардаш даво пазирад,
Илло, ки доғи Саъдӣ, к-аввалназар ниҳодӣ.


1 Бошӣ.