Эй боди субҳдам, хабари дилситон бигӯй

633

Эй боди субҳдам, хабари дилситон бигӯй,
Васфи ҷамоли он бути номеҳрбон бигӯй,

Бигзор мушку бӯи сари зулфи ӯ биёр,
Ёди шакар макун, сухане з-он даҳон бигӯй.

Бастам ба ишқи мӯи миёнаш камар чу мӯр,
Гар вақт бинӣ, ин сухан андар миён бигӯй.

Бо булбулони сӯхтаболи замири ман
Пайғоми он ду тӯтии шаккарфишон бигӯй.

Донам, ки боз бар сари кӯяш гузар кунӣ,
Гар бишнавад, ҳадиси манаш дар миён бигӯй,

К-эй дил рабуда аз бари ман, ҳукм аз они туст,
Гар низ гӯиям ба масал, тарки ҷон бигӯй.

Ҳар лаҳза рози дил ҷаҳадам бар сари забон,
Дил метапад, ки умр бишуд, вораҳон, бигӯй!

Сирри дил аз забон нашавад ҳаргиз ошкор,
Гар дил мувофиқат накунад, к-эй забон, бигӯй!

Саъдӣ зи даст рафт зи дастони рӯзгор,
Наздики дӯстони вай ин достон бигӯй.