Эй боғи ҳусн чун ту ниҳоле наёфта

489

Эй боғи ҳусн чун ту ниҳоле наёфта,
Рухсораи замин чу ту холе наёфта.

Тобандатар зи рӯи ту моҳе надида чарх,
Хуштар зи абруи ту ҳилоле наёфта.

Бар даври орази ту назар карда офтоб,
Худро латофатею ҷамоле наёфта.

Чархи мушаъбид аз рухи ту дилфиребтар
Дар зери ҳафт парда хаёле наёфта.

Худро ба зери чангули шоҳини ишқи ту
Анқои сабри ман пару боле наёфта.

То кай зи дарди ишқи ту нолад равони ман,
Рӯзе ба лутф аз ту мисоле наёфта?

Афтода дар забони халоиқ ҳадиси ман,
Бо ту ба як ҳадис маҷоле наёфта.

Зоил шавад, ҳар он чи ба куллӣ камол ёфт,
Умрам завол ёфт, камоле наёфта.

Гулбарги айши ман ба чӣ уммед бишкуфад,
Аз бӯстони васл шамоле наёфта?

Саъдӣ ҳазор ҷома ба рӯзе қабо кунад,
Як меҳрбонӣ аз ту ба соле наёфта.