Эй гирифтору пойбанди аёл

Эй гирифтору пойбанди аёл,
Дигар озодагӣ мабанд хаёл.

Ғами фарзанду нону ҷомаву қут
Бозат орад зи сайр дар малакут.

Ҳама рӯз иттифоқ месозам,
Ки ба шаб бо Худой пардозам.

Шаб чу ақди намоз мебандам,
Чӣ хурад бомдод фарзандам?