Эй забардасти зердастозор

Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад, ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷоҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ.

Эй шахси қудратманду тавоно, ки зердастони худро озор медиҳӣ, (ту гумон накун, ки) ин бозор ҳамеша гарм мемонад, яъне гумон мабар, ки ин ҳолат ҳамеша давом мекунад ва ту ҳамеша дар сари мансаб мемонӣ, балки рӯзе ин қудратат мегузарад.

Чун ту ситамгару золим ҳастӣ, ин ҷаҳондориву мансабу қудрат ба ту чӣ фоида дорад? (Балки ба зарари туст). Аз ин рӯ, барои ту мурдан беҳ аст, ки ҳам худат гуноҳи бештар намекунӣ ва ҳам мардум аз дасти ту халос мешавад ва осуда мегардад.)

(Дар маънои аввал ин байтҳо ба ҳокими золими Ироқ Ҳаҷҷоҷи Юсуф ишорат доранд ва мазмуни аслии ҳикояро хулоса менамоянд, аммо масъалаи зулму мардумозорӣ ба ҳар як инсон дахл дорад, ки шояд аз тарафи мо дар оила, дар муносибат бо рафиқону ҳамкорон ва дар муносибат бо мардуми дигар пеш ояд. Бинобар ин, на танҳо мардумозории подшоҳон, балки тамоми намудҳои мардумозорӣ гуноҳи бузург ба ҳисоб рафта, ин байтҳо маънои умум барои тамом мардумозорон доранд, балки худи ин сифати бадро маҳкум менамоянд. Чуноне, ки Ҳофизи Шерозӣ низ фармудааст:

Май бихур, Мусҳаф бисӯзу, оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.

Яъне, «шароб хӯрдан», «Қуръонро сӯзондан», «Каъбаро оташ задан» ва «бутпараст шудан» гуноҳҳои бузургтарин ба ҳисоб мераванд, аммо ҳукми мардумозорӣ аз ҳукми ҳамаи ин гуноҳҳои кабира ҳам сахттару бузургтар аст. Яъне, зулм ва мардумозорӣ бузургтарин гуноҳ аст ва бояд аз он худдорӣ намоем.)