Эй ки ба ҳусни қоматат сарв надидаам саҳӣ

634

Эй ки ба ҳусни қоматат сарв надидаам саҳӣ1,
Гар ҳама душманӣ кунӣ, аз ҳама дӯстон беҳӣ.

Ҷавр бикун, ки ҳокимон ҷавр кунанд бар раҳӣ2,
Шер ки пойбанд шуд, тан бидиҳад ба рӯбаҳӣ.

Аз назарат куҷо равад, в-ар биравад, ту ҳамраҳӣ,
Рафту раҳо намекунӣ, омаду раҳ намедиҳӣ.

Шояд, агар назар кунӣ, эй ки зи дардам огаҳӣ,
В-ар накунӣ, асар кунад дуди дили саҳаргаҳӣ.

Саъдию Амру Зайдро ҳеч маҳал намениҳӣ,
В-ин ҳама лоф мезанад чун дуҳули миёнтиҳӣ.


1 Роструста, мустақимрӯида.
2 Банда, ғулом.