Эй ки бо силсилаи зулфи дароз омадаӣ

422

Эй ки бо силсилаи зулфи дароз омадаӣ,
Фурсатат бод, ки девонанавоз омадаӣ.

Соате ноз мафармову бигардон одат,
Чу ба пурсидани арбоби ниёз омадаӣ.

Пеши болои ту мирам, чи ба сулҳу чи ба ҷанг,
Ки ба ҳар ҳол барозандаи ноз омадаӣ.

Обу оташ ба ҳам омехтаӣ аз лаби лаъл,
Чашми бад дур, ки хуш шуъбадабоз омадаӣ!

Офарин бар дили нарми ту, ки аз баҳри савоб
Куштаи ғамзаи худро ба намоз омадаӣ.

Зуҳди ман бо ту чӣ санҷад, ки ба яғмои дилам
Масту ошуфта ба хилватгаҳи роз омадаӣ.

Гуфт: Ҳофиз, дигарат хирқа шароболуда-ст,
Магар аз мазҳаби ин тоифа бозомадаӣ?!