Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест

117

Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест,
Гар умеди васл бошад, ҳамчунон душвор нест.

Халқро бедор бояд буд аз оби чашми ман,
В-ин аҷаб, к-он вақт мегӯям, ки кас бедор нест.

Нӯки мижгонам ба сурхӣ бар баёзи1 рӯи зард
Қиссаи дил менависад, ҳоҷати гуфтор нест.

Бедилонро айб кардам, лоҷарам2 бедил шудам,
Он гунаҳро ин уқубат ҳамчунон бисёр нест.

Эй насими субҳ, агар боз иттифоқе афтадат,
Офарин гӯӣ бар он ҳазрат, ки моро бор нест.

Борҳо рӯй аз парешонӣ ба девор оварам,
В-ар ғами дил бо касе гӯям, беҳ аз девор нест.

Мо забон андаркашидем аз ҳадиси халқу рӯй,
Гар ҳадисе ҳаст, бо ёр аст, бо ағёр нест.

Қодирӣ, бар ҳар чӣ мехоҳӣ, магар озори ман,
З-он ки гар шамшер бар фарқам ниҳӣ, озор нест.

Эҳтимоли3 неш кардан воҷиб аст аз баҳри нӯш,
Ҳамли кӯҳи Бесутун бар ёди Ширин бор нест.

Сарвро монӣ, валекин сарвро рафтор на,
Моҳро монӣ, валекин моҳро гуфтор нест.

Гар дилам дар ишқи ту девона шуд, айбаш макун,
Бадр1 бенуқсону зар беайбу гул бехор нест.

Лавҳашаллоҳ аз қаду болои он сарви саҳӣ,
З-он ки ҳамтояш ба зери гунбади даввор нест.

Дӯстон гӯянд: Саъдӣ, хайма бар гулзор зан!
Ман гулеро дӯст медорам, ки дар гулзор нест.


1 Дафтари сафед ва нонавишта, сафедии рӯй.
2 Баночор, ногузир.
3 Таҳаммул.