Эй ки дар кӯйи харобот мақоме дорӣ

448

Эй ки дар кӯйи харобот мақоме дорӣ,
Ҷами вақти худӣ, ар даст ба ҷоме дорӣ.

Эй ки бо зулфу рухи ёр гузорӣ шабу рӯз,
Фурсатат бод, ки хуш субҳею шоме дорӣ.

Эй сабо, сӯхтагон дар сари раҳ мунтазиранд,
Гар аз он ёри сафаркарда паёме дорӣ.

Холи сарсабзи ту хуш донаи айшест, вале
Бар канори чаманаш ваҳ, ки чӣ доме дорӣ.

Бӯйи ҷон аз лаби хандони қадаҳ мешунавам,
Бишнав, эй хоҷа, агар з-он ки машоме дорӣ.

Чун ба ҳангоми вафо ҳеч суботет набуд,
Мекунам шукр, ки бар ҷавр давоме дорӣ.

Номи нек ар талабад аз ту ғарибе, чӣ шавад?
Туӣ имрӯз дар ин шаҳр, ки номе дорӣ.

Бас дуои саҳарат мӯниси ҷон хоҳад буд,
Ту, ки чун Ҳофизи шабхез ғуломе дорӣ.