Эй ки доим ба хеш мағрурӣ

453

Эй ки доим ба хеш мағрурӣ,
Гар туро ишқ нест, маъзурӣ.

Гирди девонагони ишқ магард,
Ки ба ақлу ақила машҳурӣ.

Мастии ишқ нест дар сари ту,
Рав, ки ту масти оби ангурӣ!

Рӯи зард асту оҳи дардолуд
Ошиқонро гувоҳи ранҷурӣ.

Бигзар аз ному нанги худ, Ҳофиз,
Соғари май талаб, ки махмурӣ.