Эй ки зи дида ғоибӣ, дар дили мо нишастаӣ

514

Эй ки зи дида ғоибӣ, дар дили мо нишастаӣ,
Ҳусни ту ҷилва мекунад, в-ин ҳама парда бастаӣ.

Хотири ом бурдаӣ, хуни хавос хурдаӣ,
Мо ҳама сайд кардаӣ, худ зи каманд ҷастаӣ.

Аз дигаре чӣ ҳосилам, то зи ту меҳр бигсилам?
Ҳам ту, ки хастаӣ дилам, марҳами реши хастаӣ.

Гар ба ҷароҳату алам дил бишикастиям, чӣ ғам?
Мешунавам, ки дам ба дам пеши дили шикастаӣ.