Эй, ки шахси манат ҳақир намуд

Эй, ки шахси манат ҳақир намуд,
То дуруштӣ ҳунар напиндорӣ.
Асби лоғармиён ба кор ояд,
Рӯзи майдон, на гови парворӣ.

Эй (падарии гиромӣ), ки ҷуссаи ман дар назари ту хурду ночиз намуда буд, акнун бубин, ки ҷуссаи калони шахс аломати тавоноӣ ва ҳунармандии он набудааст. (Пас, бузургҷуссагии шахсро нишонаи қуввату ғайрати ӯ гумон накун, зеро ҳаҷм ва миқдор ҳаргиз нишондиҳандаи сифат намебошад). Дар рӯзи ҷанг аспи миёнборику даванд лозим мешавад, на гови парваридаву фарбеҳ (зеро гови фарбеҳ ҳунари давидану ҷангидан надорад).