Эй к-оби зиндагонии ман дар даҳони туст

56

Эй к-оби зиндагонии ман дар даҳони туст,
Тири ҳалоки зоҳири ман дар камони туст.

Гар бурқаъе фурӯ бигузорӣ бад-ин ҷамол,
Дар шаҳр ҳар кӣ кушта шавад, дар замони туст.

Ташбеҳи рӯи ту накунам ман ба офтоб,
К-ин мадҳи офтоб, на таъзими шони туст.

Гар як назар ба гӯшаи чашми иродате
Бо мо кунӣ в-агар накунӣ, ҳукм аз они туст.

Ҳар рӯз халқро сари ёрею соҳибест,
Моро ҳамин сар аст, ки бар остони туст.

Бисёр дидаем дарахтони мевадор,
З-ин беҳ надидаем, ки дар бӯстони туст.

Гар дасти дӯстон нарасад, боғро чӣ ғам?
Маънӣ ки меравад, гунаҳ аз боғбони туст.

Бисёр дар дил омад аз андешаҳову рафт,
Нақше ки он намеравад аз дил, нишони туст.

Бо ман ҳазор навбат агар душманӣ кунӣ,
Эй дӯст, ҳамчунон дили ман меҳрбони туст.

Саъдӣ, ба қадри хеш таманнои васл кун,
Симурғи мо чӣ лоиқи зоғошёни туст?