Эй, мурғи саҳар, ишқ зи парвона биёмӯз

Эй, мурғи саҳар, ишқ зи парвона биёмӯз,
К-он сӯхтаро ҷон шуду овоз наёмад.
Ин муддаиён дар талабаш бехабаронанд,
К-онро, ки хабар шуд, хабаре боз наёмад.

Эй булбули саҳар, ки бомдодон суруди ишқ мехониву фарёд мекашӣ, ишқи ҳақиқӣ ва тариқи ишқварзиро аз парвона биомӯз, зеро ӯ дар роҳи ишқ сӯхтаву ҳалок мешавад ва ҷонашро аз даст медиҳад, вале шикояте надорад ва овозе намебарорад. Ҳамчунин, шахсоне, ки ҳар тараф лофи худошиносӣ мезананд ва иддао мекунанд, ки ошиқу дилбохтаи Ӯянд, дар асл аз чигунагии Худованд бехабаранд ва Ӯро дуруст нашнохтаанд, зеро ҳар кӣ дар ҳақиқат Худовандро дуруст шиносад ва ошиқу дилбохтаи Ӯ гардад, чунин лофу манн-манӣ дар миён намеандозад ва хомӯшӣ пеша месозад.

(Чуноне, ки Умари Хайём низ ба ин маънӣ гуфтааст:

Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ, ки бимирию нанолӣ, ишқ аст.)