Эй пайки пайхуҷаста, ки дорӣ нишони дӯст

101

Эй пайки пайхуҷаста, ки дорӣ нишони дӯст,
Бо мо магӯ ба ҷуз сухани дилситони дӯст.

Ҳол аз даҳони дӯст шунидан чӣ хуш бувад,
Ё аз даҳони он ки шунид аз даҳони дӯст.

Эй ёри ошно, алами корвон куҷост,
То сар ниҳем бар қадами сорбони дӯст?

Гар зар фидои дӯст кунанд аҳли рӯзгор,
Мо сар фидои пои рисолатрасони1 дӯст.

Дардову ҳасрато, ки инонам зи даст рафт,
Дастам намерасад, ки бигирам инони дӯст.

Ранҷури ишқи дӯст чунонам, ки ҳар кӣ дид,
Раҳмат кунад магар дили номеҳрбони дӯст.

Гар дӯст бандаро бикушад ё бипарварад,
Таслим аз они бандаву фармон аз они дӯст.

Гар остини дӯст бияфтад ба дасти ман,
Чандон ки зиндаам, сари ман в-остони дӯст.

Бе ҳасрат аз ҷаҳон наравад ҳеч кас бадар,
Илло шаҳиди ишқ ба тир аз камони дӯст.

Баъд аз ту ҳеч дар дили Саъдӣ гузар накард,
В-он кист дар ҷаҳон, ки бигирад макони дӯст?!


1 Паёмовар, номарасон.