Эй пистаи ту ханда зада бар ҳадиси қанд

180

Эй пистаи ту ханда зада бар ҳадиси қанд,
Муштоқам, аз барои Худо, як шакар биханд!

Тӯбо зи қомати ту наёрад, ки дам занад,
З-ин қисса бигзарам, ки сухан мешавад баланд.

Хоҳӣ, ки барнахезадат аз дида рӯди хун,
Дил дар вафои суҳбати рӯди* касон мабанд.

Гар ҷилва менамоию гар таъна мезанӣ,
Мо нестем муътақиди шайхи худписанд.

З-ошуфтагии ҳоли ман огоҳ кай шавад,
Онро, ки дил нагашт гирифтори ин каманд.

Бозори шавқ гарм шуд, он сарвқад куҷост,
То ҷони худ бар оташи рӯяш кунам сипанд?

Ҷое, ки ёри мо ба шакарханда дам занад,
Эй писта, кистӣ ту, Худоро, ба худ маханд!

Ҳофиз, чу тарки ғамзаи хубон намекунӣ,
Донӣ, куҷост ҷойи ту, Хоразм ё Хуҷанд?


* Рӯди касон, яъне фарзанди дигарон.