Эй рухат чун хулду лаълат Салсабил

308

Эй рухат чун хулду лаълат Салсабил,
Салсабилат карда ҷону дил сабил.

Сабзпӯшони хатат бар гирди лаб
Ҳамчу мӯронанд гирди Салсабил.

Новаки чашми ту дар ҳар гӯшае
Ҳамчу ман афтода дорад сад қатил.

Ё Раб, ин оташ, ки дар ҷони ман аст,
Сард кун, з-он сон ки кардӣ бар Халил.

Ман намеёбам маҷол, эй дӯстон,
Гарчи дорад ӯ ҷамоле бас ҷамил.

Пойи мо ланг асту манзил бас дароз,
Дасти мо кӯтоҳу хурмо бар нахил.

Ҳофиз аз сарпанҷаи ишқи нигор
Ҳамчу мӯр афтода шуд дар пои пил.

Шоҳи оламро бақову иззу ноз
Боду ҳар чизе, ки бошад з-ин қабил!