Эй рӯи ту роҳати дили ман

470

Эй рӯи ту роҳати дили ман,
Чашми ту чароғи манзили ман.

Обест муҳаббати ту, гӯӣ,
К-омехтаанд бо дили ман.

Шодам ба ту, марҳабо ва аҳло,
Эй бахти саъиди муқбили ман.

Бо ту ҳама баргҳо муҳайёст,
Бе ту ҳама ҳеч ҳосили ман.

Гӯӣ, ки нишастаӣ шабу рӯз,
Ҳар ҷо, ки туӣ муқобили ман.

Гуфтам, ки магар ниҳон бимонад,
Он-ч аз ғами туст бар дили ман.

Баъд аз ту ҳазор навбат афсӯс,
Бар даври ҳаёти ботили ман.

Ҳар ҷо, ки ҳикоятею ҷамъе,
Ҳангомаи тусту маҳфили ман.

Гар теғ занад ба дасти симин,
То хун чакад аз мафосили ман,

Касро ба қисоси ман магиред,
К-аз ман биҳил аст қотили ман.