Эй рӯйи моҳманзари ту навбаҳори ҳусн

394

Эй рӯйи моҳманзари ту навбаҳори ҳусн,
Холу хати ту маркази ҳусну мадори ҳусн.

Дар чашми пурхумори ту пинҳон фусуни сеҳр,
Дар зулфи беқарори ту пайдо қарори ҳусн.

Моҳе натофт ҳамчу ту аз бурҷи некуйӣ,
Сарве нахост чун қадат аз ҷӯйбори ҳусн.

Хуррам шуд аз малоҳати ту аҳди дилбарӣ,
Фаррух шуд аз латофати ту рӯзгори ҳусн.

Аз доми зулфу донаи холи ту дар ҷаҳон
Як мурғи дил намонд нагашта шикори ҳусн.

Доим ба лутф дояи табъ аз миёни ҷон
Мепарварад ба ноз туро дар канори ҳусн.

Гирди лабат бунафша аз он тозаву тар аст,
К-оби ҳаёт мехурад аз ҷӯйбори ҳусн.

Ҳофиз тамаъ бурид, ки бинад назири ту,
Дайёр нест ҷуз рухат андар диёри ҳусн.