Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалоне ба ман ор

248

Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалоне ба ман ор,
Зору бемори ғамам, роҳати ҷоне ба ман ор.

Қалби беҳосили моро бизан иксири мурод,
Яъне, аз хоки дари дӯст нишоне ба ман ор.

Дар камингоҳи назар бо дили хешам ҷанг аст,
З-абруву ғамзаи ӯ тиру камоне ба ман ор.

Дар ғарибию фироқу ғами дил пир шудам,
Соғари май зи кафи тозаҷавоне ба ман ор.

Мункиронро ҳам аз ин май ду-се соғар бичашон,
В-агар эшон наситонанд, равоне ба ман ор.

Соқиё, ишрати имрӯз ба фардо мафикан,
Ё зи девони қазо хатти амоне ба ман ор.

Дилам аз даст бишуд дӯш, чу Ҳофиз мегуфт,
К-Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалоне ба ман ор.