Эй сарви нози ҳусн, ки хуш меравӣ ба ноз

260

Эй сарви нози ҳусн, ки хуш меравӣ ба ноз,
Ушшоқро ба нози ту ҳар лаҳза сад ниёз.

Фархунда бод талъати хубат, ки дар азал
Бибридаанд бар қади сарват қабои ноз.

Онро, ки бӯйи анбари зулфи ту орзуст,
Чун уд, гӯ, бар оташи савдо бисӯзу соз.

Парвонаро зи шамъ бувад сӯзи дил, вале
Бе шамъи орази ту диламро бувад гудоз.

Сӯфӣ, ки бе ту тавба зи май карда буд дӯш,
Бишкаст аҳд, чун дари майхона дид боз.

Аз таънаи рақиб нагардад иёри ман,
Чун зар агар баранд маро дар даҳони гоз.

Дил, к-аз тавофи каъбаи кӯят вуқуф ёфт,
Аз шавқи он ҳарим надорад сари Ҳиҷоз.

Ҳар дам ба хуни дида чӣ ҳоҷат вузу, чу нест
Бе тоқи абруи ту намози маро ҷавоз?

Чун бода боз бар сари хум рафт кафзанон,
Ҳофиз, ки дӯш аз лаби соқӣ шунид роз.